расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Рақобати 3-юми Лоиқ Раҷабов дар UFC. Ҳарифаш кист?

Асосӣ / Варзиш

Рақобати 3-юми Лоиқ Раҷабов дар UFC. Ҳарифаш кист?

Шаби 2 ба 3-юми марти соли 2024 размикори тоҷик Лоиқ Раҷабов дар қувваозмоӣ дар доираи UFC бо варзишгар аз Урдун Абдул-Карим Ал-Селвади рақобат мекунад.
Мусобиқа оид ба муҳорибаҳои омехтаи UFC Fight Night 238 шаби 3-юми марти соли 2024 дар толори «UFC Apex» дар Лас-Вегас, иёлати Невада, ИМА доир мегардад.
Рақобати асосии мусобиқа қувваозмоӣ дар вазни зиёд миёни Жаирзино Розенстрайк ва Шамил Газиев муқаррар шудааст. Қувваозмоиҳо (кард)-и пешакии мусобиқа соати 21:00 ба вақти Душанбе ва қувваозмоиҳои асосӣ қарибиҳои нимашаб оғоз мешаванд.
Аввал эълон шуда буд, ки қувваозмоӣ дар Ар-Риёз баргузор мешавад, вале сипас он ба ИМА гузаронида шуд.
Барои Лоиқ Раҷабов ин сеюмин муҳориба дар чемпионати UFC аст, барои ҳарифи ӯ бошад, аввалин дар ин мусобиқа аст.


Ёдрас мекунем, ки дар мусобиқаи UFC 285  Лоиқ Раҷабов муҳорибаи аввалашро дар Лас-Вегас гузаронида, бо қарори доварон ғолиб дониста шуд. Ҳарифи ӯ варзишгари қаблан мағлубнашудаи аргентинӣ Эстебан Рибович буд. Размикори тоҷик натанҳо аз рӯи холҳо дастболо шуд, балки байни варзишгарони вазни миёна рекорд гузошт: ӯ ҳарифашро дар 3 раунд 11 маротиба ба нокдаун фиристод.
Дар муҳорибаи дуюм дар мусобиқаи UFC ӯ аз намояндаи Лаҳистон (Полша) Матеуш Ребетски шикаст хӯрд.
Айни замон Лоиқ Раҷабов дар 17 муҳориба дастболо шуда, 5-тоашро бохтааст ва ҳамагӣ 1 мусовӣ дорад.
Раҷабов дар ММА бори аввал моҳи октябри соли 2012 рақобат карда буд. Он вақт Раҷабов бо нокаути техникӣ Юсуф Маҳмудовро мағлуб карда буд. Пас аз ин Лоиқ пайиҳам 10 маротиба ғалаба ба даст оварда, ба PFL роҳ ёфт.
Дар Лигаи амрикоӣ Раҷабов бори аввал дар давраи ҳунарнамоии касбиаш бо қарори якдилдонаи доварон аз Рашид Магомедов шикаст хӯрд.
Дар ҳамин ҳол, дар ду рақобати минбаъда дар PFL Раҷабов бо қарори доварон ғолиб дониста шуд. Моҳи октябри соли 2019 қувваозмоии Лоиқ бо Ислом Магомедов мусовӣ анҷом ёфт. Сипас дар промоушени амрикоӣ Раҷабов пайиҳам ду маротиба ба шикаст дучор шуд.
Дар PFL размикори тоҷик боз 3 қувваозмоӣ гузаронид: 2 - ғалаба ва 1 - бохт. Баъди ин моҳи январи соли 2022 Лоиқ ба муқобили Зак Зейн дар Eagle FC қувваозмоӣ карда, бо усули буғӣ кардан дастболо шуд.
Моҳи феврали соли 2023 Лоиқ бо UFC қарордод ба имзо расонид.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.