расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » МУДИРИ АНБОРИ ИДОРАИ БАРҚИ ИСТАРАВШАН БА ДУЗДИИ 1,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ АЙБДОР МЕШАВАД

Асосӣ / Ҷомеа

МУДИРИ АНБОРИ ИДОРАИ БАРҚИ ИСТАРАВШАН БА ДУЗДИИ 1,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ АЙБДОР МЕШАВАД

МУДИРИ АНБОРИ ИДОРАИ БАРҚИ ИСТАРАВШАН БА ДУЗДИИ 1,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ АЙБДОР МЕШАВАД
Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 27 феврали соли 2024 аз ошкор шудани тасарруфи 1 миллиону 265 ҳазор сомонӣ, ё беш аз 100 доллар пули давлат аз ҷониби танҳо як мудири анбори шуъбаи истаравшании ширкати “Шабакаҳои тақсимоти барқ” хабар дод. Бино ба иттилоияи маркази матбуоти агентӣ, “Ҳомидов Б.Б. дар мансаби мудири анбори филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Истаравшан кор карда истода, зимни фаъолияти кориаш бо истифода аз ваколати мансабдорӣ даст ба ҷинояти азонихудкунӣ ва исрофкорӣ задааст.  Чунончи, ӯ ҳамчун шахси масъулияти моддидошта ба ҳисоби худ дар анбори ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Истаравшан молу маҳсулот ва таҷҳизоти барқии арзишмандро ба маблағи умумии 1 миллиону 265 ҳазору 163 сомонӣ расман қабул намуда, минбаъд бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт ин молу маҳсулотро, ки ба ӯ бовар карда супорида шудааст ва дар ихтиёраш қарор дошт, бо роҳи азонихудкунӣ пурра тасарруф намуда, бо ин кирдори қасдонаи худ ба давлат ба маблағи 1 миллиону 265 ҳазору 163 сомонӣ зарари махсусан калони моддӣ расонид”.
 Худи Ҳомидов ваё адвокаташ низ барои шарҳи мустақими қазия дастрас нестанд.
 Дар рӯзҳои охир ин алакай дуюмин ҳолати дуздии маблағҳои бузург аз ширкатҳои барқ аст, ки Агентии мубоориза бо коррупсия аз ошкор шуданашон хабар медиҳад.
Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон рӯзи 21 феврали соли 2024 аз ошкор шудани тасарруфи беш аз 2 миллион сомонӣ пули давлат аз ҷониби роҳбарони “Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент” хабар дод ва гуфт, сардори гурӯҳи хизматрасонии қитъаи Панҷакент Эргашев Б.С. бо истифода аз  ваколати мансабдорӣ ва дар асоси маслиҳати пешакӣ бо роҳбари корхонаи “Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент” Бобоев Б.Қ. ва дигар шахсони масъул дар чанд ҳолат ҷиноятҳои азонихудкунӣ ва сохтакории хидматиро содир кардаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.