расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ЯК НАВРАС АЗ ХОНАИ СОКИНИ ДУШАНБЕ ДУ ТЕЛЕФОНИ “АЙФОН 15” ВА “САМСУНГ”-РО ДУЗДИДААСТ

Асосӣ / Ҷомеа

ЯК НАВРАС АЗ ХОНАИ СОКИНИ ДУШАНБЕ ДУ ТЕЛЕФОНИ “АЙФОН 15” ВА “САМСУНГ”-РО ДУЗДИДААСТ

ЯК НАВРАС АЗ ХОНАИ СОКИНИ ДУШАНБЕ ДУ ТЕЛЕФОНИ “АЙФОН 15” ВА “САМСУНГ”-РО ДУЗДИДААСТ
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 27 феврали соли 2024 аз ошкор шудани боз як ҳолати даст ба дуздӣ задани ноболиғ хабар дод.
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 24-уми феврали соли 2024, тахминан соати 11:00 шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз он ҷо як адад телефони мобилии Айфон-15 ва як адад телефони мобилии тамғаи Самсунгро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 18 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғи 17-солаи сокини шаҳри Ҳисор, содир намудааст.
Тафсилоти дигари ҳодиса ва чӣ гуна ба хонаи сокини ноҳияи Фирдавсӣ даромадани дузди наврас маълум нест. 
Дуздӣ ҷинояти аз ҳама роиҷ дар Тоҷикистон ба шумор рафта, аз 21 ҳазору 319 ҷинояти соли 2023 дар ин ҷумҳурӣ сабтшуда, 4241 ҷинояташ, яъне ҳар ҷинояти панҷум дуздӣ будааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.