расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БЕДОДГАРИҲОИ ЯК РЭКЕТИР ДАР КӮЧАИ НУСРАТУЛЛО МАХСУМ, КОРДЗАНӢ ДАР КӮЛОБ ВА МАРГИ ДУЧАРХАРОН ДАР ДӮСТӢ

Асосӣ / Ҷомеа

БЕДОДГАРИҲОИ ЯК РЭКЕТИР ДАР КӮЧАИ НУСРАТУЛЛО МАХСУМ, КОРДЗАНӢ ДАР КӮЛОБ ВА МАРГИ ДУЧАРХАРОН ДАР ДӮСТӢ

БЕДОДГАРИҲОИ ЯК РЭКЕТИР ДАР  КӮЧАИ НУСРАТУЛЛО МАХСУМ, КОРДЗАНӢ ДАР КӮЛОБ ВА МАРГИ ДУЧАРХАРОН ДАР ДӮСТӢ
Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза ҷавонзани 19-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки шаби 28 ба 29-уми январи соли 2024, тахминан соати 01:00 ҳангоми дар кӯчаи Н.Махсуми шаҳри Душанбе қарор доштанаш, шахси номаълум бо тариқи зӯроварӣ аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Айфон-11”-ро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 19-солаи сокини пойтахт бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, гумонбаршаванда, санаи 17-уми феврали соли 2024, тахминан соати 06:40-дақиқа ҳангоми дар кӯчаи Н.Махсуми шаҳри Душанбе қарор доштанаш, бе ягон асос ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи Рўдакиро мавриди лату кӯб ќарор дода, сипас бо корди дар дасташ буда, ӯро таҳдид карда, 5 ҳазору 400-сомониашро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст...

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.