расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҚАЛЛОБИИ ДУ СОКИНИ ВАРЗОБ БО 16 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПУЛИ 40 МОШИНИ ГАРОНБАҲО (!!!)

Асосӣ / Ҷомеа

ҚАЛЛОБИИ ДУ СОКИНИ ВАРЗОБ БО 16 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПУЛИ 40 МОШИНИ ГАРОНБАҲО (!!!)

ҚАЛЛОБИИ ДУ СОКИНИ ВАРЗОБ БО 16 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПУЛИ 40 МОШИНИ ГАРОНБАҲО (!!!)
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз боздошти ду сокини 30- ва 27-солаи ноҳияи Варзоб хабар дод, ки бо роҳи фиреб 40 мошини аксаран гаронбаҳоро (!!!) барои фурӯш гирифта, пули ин мошинҳоро надодаанд. Ба ҳисоби тафтишот, пули ин 40 мошин дар маҷмӯъ беш аз 16 миллиону 300 ҳазор сомонӣ, ё қариб якуним миллион долларро (!!!) ташкил медиҳад. 
Худи дастгиршудаҳо ё наздиконашон барои шарҳи мустақими қазия дастрас нестанд, вале бино ба гуфтаи тафтишот, гумонбаршавандагон моҳи июни соли 2023, дар кӯчаи Ҳофизи Шерозии шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба боварии марди 34-солаи сокини ноҳияи Данғара даромада, аз ӯ 32 адад автомашинаҳои гуногунтамғаро ба маблағи 13 миллиону 787 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, то ҳол маблағашро барнагардондаанд. Дар иттилоияи ВКД гуфта мешавад, ки инчунин, гумонбаршавандагон моҳи октябри соли 2023, боз ҳам дар кӯчаи Ҳофизи Шерозии шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба боварии марди 36-солаи сокини ноҳияи Варзоб, даромада, аз ӯ 7 адад автомашинаҳои гуногунтамғаро ба маблағи 1 милиону 679 ҳазор сомонӣ ва аз як  марди 40-солаи сокини пойтахт  1-адад автомашинаи тамғаи “Мерседес ҶЛС 450”-ро ба маблағи 850 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифта, то ҳол маблағашонро барнагардонидаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.