расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БОЗДОШТИ ШОИРА ДАВЛАТОВАИ 22-СОЛА БАРОИ ФИРЕБИ 200 НАФАР БО ВАЪДАИ САФАРИ ҲАҶ

Асосӣ / Ҷомеа

БОЗДОШТИ ШОИРА ДАВЛАТОВАИ 22-СОЛА БАРОИ ФИРЕБИ 200 НАФАР БО ВАЪДАИ САФАРИ ҲАҶ

БОЗДОШТИ ШОИРА ДАВЛАТОВАИ 22-СОЛА БАРОИ ФИРЕБИ 200 НАФАР БО ВАЪДАИ САФАРИ ҲАҶ 
Милитсияи пойтахт як ҷавондухтари 22-соларо боздошт кардааст, ки бо ваъдаи фиристодан ба маросими адои Ҳаҷҷи умра аз беш аз 200 нафар 500 - 700 доллар маблағ гирифта, фиреб додааст.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо нашри як навор аз ин духтар Давлатова Шоира Муҳиддиновна, сокини 22-солаи шаҳри Ваҳдат ном бурдааст. Ин ниҳод нагуфтааст, ки дар маҷмуъ Шоира Давлатова аз беш аз 200 нафар чӣ миқдор маблағ гирифтааст, танҳо ишора мешавад, ки аз қисме 500 доллар ва аз дигарон 700 доллар гирифтааст.
Дар гузориш зикр мешавад, ки Шоира Давлатова бо номи Неъмат ва Самира ҳаммаслак низ дорад ва онҳо ҳатто хешовандони худро фиреб карда, маблағ гирифтаанд ва бар ивази ҳар як нафар аз Шоира Давлатова 100 доллар ҳақмузд мегирифтанд. Онҳо дастгир гардидаанд ё не маълум нест.
“Шоира Давлатова аз зудбоварии мардум истифода бурда, ваъда кардааст, ки бо пардохти 500 доллари ИМА гӯё аз ҳисоби фонди хайриявии мавҷуднабудае шаҳрвандонро ба ҳаҷ мебарад. Ӯ ба хотири ба даст овардани боварии мардум, дар оғоз чанд нафарро бо пардохти 500 доллар (боқимондаашро худ пардохт кардааст) ба ҳаҷ бурдааст. Дар гузориш худи Шоира Далатова иқрор мешавад, ки аз аҳолӣ барои ба ҳаҷ фиристодан 5 ҳазору 500 сомонӣ гирифта, онҳоро ба ҳаҷ нафиристодааст. Маълум нест, ки ҳарфҳои ӯ таҳти чӣ шароите сабт гардидааст.
Милитсияи пойтахт мегӯяд, ки баъзеҳо ба ваъдаҳои Шоира Давлатова ба ҳадде бовар кардаанд, ки бо нияти ҳаҷ бо наздикону пайвандонашон хайрухуш карда, барои сафар ба Арабистон то фурудгоҳ омааданд, вале фиреб хӯрдаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.