расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ЯКЕ АЗ ШАРИКОНИ САЛИМҶОН НАСРИДДИНОВ ДАР ДОДГОҲИ АМРИКО СОДИРОТИ МОЛҲОИ МАМНӮЪ БАРОИ АРТИШИ РУСИЯРО БА ГАРДАН ГИРИФТ

Асосӣ / Ҷаҳон

ЯКЕ АЗ ШАРИКОНИ САЛИМҶОН НАСРИДДИНОВ ДАР ДОДГОҲИ АМРИКО СОДИРОТИ МОЛҲОИ МАМНӮЪ БАРОИ АРТИШИ РУСИЯРО БА ГАРДАН ГИРИФТ

ЯКЕ АЗ ШАРИКОНИ САЛИМҶОН НАСРИДДИНОВ ДАР ДОДГОҲИ АМРИКО СОДИРОТИ МОЛҲОИ МАМНӮЪ БАРОИ АРТИШИ РУСИЯРО БА ГАРДАН ГИРИФТ
Сокини шаҳри Монреал Кристина Пузирёва, ки шаҳрвандии Русияву Канадаро дорад, дар додгоҳи федералии Бруклини аёлати Ню-Йорки Амрико иттиҳоми шустушӯи пулҳои бадастомада аз ирсоли молҳои мамнӯъ барои корхонаҳои саноати ҳарбии Русия, аз ҷумла қисмҳои электронӣ барои ҳавопаймоҳои бесарнишин, шабакаҳои мушакӣ ва дигар техникаи ҷангиро ба гардан гирифтааст.  Ба Пузирёва то 20 соли зиндон таҳдид мекунад. Аммо эътирофи гуноҳ имкон медиҳад, ки парвандаи Пузирёва ба сурати осон ва зудтар баррасӣ шуда, барои ҳамкориаш бо тафтишот ба ӯ ҳукми сабуктаре бидиҳанд. 
Кристина Пузирёваи 32-сола, шавҳари 37-солаи ӯ Николай Голтсев, ки ӯ ҳам шаҳрвандии ҳам Русияву ҳам Канадаро дорад, ва Салимҷон Насриддинов, шаҳрванди 53-солаиТоҷикистону Русия, рӯзи 31 октябри соли 2023 дар Ню-Йорк бо иттиҳоми ба Русия қочоқ кардани маҳсулоти электронии таҳти таҳрим дастгир шуданд. Дар санадҳои додгоҳӣ гуфта мешавад, ки Пузирёва, Голтсев ва Насриддинов тибқи маслиҳат бо 4 нафар дар дохили Русия, ки дар ширкатҳои бузурги электроника кор мекунанд, ба корхонаҳои ҳарбии Русия молҳои мамнӯъ мефиристоданд. Бархе аз молҳои фиристодаи онҳоро баъдан дар тонку чархболу дронҳо ва дигар техникаи ҳарбии Русия, ки дар ҷанги Украина ба дасти нирӯҳои украинӣ ғанимат афтоданд, пайдо кардаанд. Вазорати адлияи Амрико гуфт, тафтиши парвандаҳои Салимҷон Насриддинов ва Николай Голтсtв ҳанӯз идома дорад. Ба гуфтаи мақомоти Амрико, ин схемаи интиқоли молҳои электронӣ ба Русия аз моҳи январи соли 2022 оғоз ёфта, дар умум онҳо беш аз 300 бастаи маҳсулоти таҳти таҳрим ба маблағи тақрибан 10 миллион долларро ба Русия интиқол додаанд. 
Салимҷон Насриддинов зодаи Панҷакент ва дастпарвари Донишкадаи политехникии Тоҷикистон буда, дар миёнаҳои солҳои 90 барои таҳсил дар аспирантураи МАДИ (Донишкадаи роҳу нақлиёти Маскав) ба пойтахти Русия омад ва баъди хатми таҳсил дар Маскав монда, дар инҷо ба фаъолиятҳои илмӣ ва тиҷорат машғул буд. Чанд сол пеш Салимҷон Насриддинов ҳамроҳи аҳли хонаводааш ба Амрико кӯчид.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.