расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ЯК САРДОРИ ШУЪБА ДАР ПАНҶАКЕНТ 1,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПУЛИ ДАВЛАТРО ОБУЛОЙ КАРДААСТ

Асосӣ / Ҷомеа

ЯК САРДОРИ ШУЪБА ДАР ПАНҶАКЕНТ 1,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПУЛИ ДАВЛАТРО ОБУЛОЙ КАРДААСТ

ЯК САРДОРИ ШУЪБА ДАР ПАНҶАКЕНТ 1,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПУЛИ ДАВЛАТРО ОБУЛОЙ КАРДААСТ
Сардори собиқи шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент Истамзода Ашраф Истам ба тасарруфи 1 миллиону 247 ҳазору 689 сомонӣ, баробари тақрибан 110 ҳазор доллар пулҳои аз буҷаи давлатӣ ҷудошуда айбдор мешавад. Маркази матбуоти Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дод, ки Истамзода Ашраф Истам аз 04 июли соли 2016 то 20 феврали соли 2023 дар вазифаи сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент кор карда, бо вуҷуди он ки шахси мансабдор ба ҳисоб мерафт, роҳбарии ҶДММ “Нисо-А”-ро низ дар даст дошт ва бо фароҳам овардани шароити бартарӣ ба ин ширкат ба тасарруфи пулҳои буҷа даст задааст. Агентӣ навиштааст: “Чунончи, давоми моҳҳои сентябр-декабри соли 2022 тибқи мусоидат ва пуштибонии бевоситаи Истамзода А.И. ҷамъияти “Нисо-А” дар 9 ҳолат зимни иҷроиши талаботҳои қарордодҳои давлатӣ бо ниҳодҳои дахлдори шаҳри Панҷакент ҷиҳати иҷрои корҳои сохтмонӣ ва таъмини молу маҳсулот даст ба аз они худ кардани маблағҳои давлатӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳо зада, бо ин роҳ дар маҷмӯъ 1 миллиону 247 ҳазору 689 сомонии аз ҳисоби маблағҳои буҷет ҷудошударо тасарруф карда, ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намуд”.
 Агентӣ гуфт, вобаста ба ин ҳолатҳо, нисбат ба Ашраф Истамзода ва дигарон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 245, қисми 4, банди “б”, 318, 323 ва 340,  қисми 2,  банди “а” КҶ ҶТ  оғоз гардида, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол гардидааст. Бар асоси ҳар кадоме аз ин моддаҳо ба Истамзода чандсолӣ ҳукми зиндон ё ҷарима таҳдид мекунад. Худи Ашраф Истамзода ё наздиконаш ҳанӯз қазияро шарҳ надодаанд.
Ашраф Истамзода ба аҳли фарҳанги Панҷакент кумак мерасонд ва аз ҷумла шоир Исмоил Зарифӣ навишта буд, ки чопи чанд китоб, аз ҷумла девони Исмати Бухороӣ ва девони Урфии Шерозӣ маҳз бо кумаки Ашраф Истамзода барояш муяссар шуда буд. Ашраф Истамзода бародари подполковник Машраф Истамзода аст, ки то ба мақоми муовини сардори шуъбаи дуюми корҳои дохилии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе расид, вале соли 2021 бо иттиҳоми пӯшондани парвандаи азобу уқубати як ҷавонзан аз мақом барканор карда шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.