расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БОЗ СЕ ЗОДАИ ТОҶИКИСТОНРО АЗ ШАҲРВАНДИИ РУСИЯ МАҲРУМ КАРДАНД

Асосӣ / Ҷомеа

БОЗ СЕ ЗОДАИ ТОҶИКИСТОНРО АЗ ШАҲРВАНДИИ РУСИЯ МАҲРУМ КАРДАНД

БОЗ СЕ ЗОДАИ ТОҶИКИСТОНРО АЗ ШАҲРВАНДИИ РУСИЯ МАҲРУМ КАРДАНД
Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурии Удмуртия ё Удмуртистони Русия рӯзи 8 феврали соли 2024 хабар дод, ки моҳи январи соли ҷорӣ мақомоти ин вазорат қарорҳо дар бораи аз шаҳрвандии Русия  маҳрум кардани се зодаи Тоҷикистонро қабул карданд. Дар иттилоияи ВКД Удмуртия гуфта мешавад, ки ҳарсе зодаи Тоҷикистон, ки дар вақташ бо тартиби осону сода шаҳрвандии Русия ро ба даст оварда буданд, ба далели даст заданашон ба ҷиноят, мушаххасан ба қочоқу фурӯши маводи мухаддир аз шаҳрвандӣ маҳрум карда шуданд.  Яке аз онҳо, ки ҳоло 55 сол дорад, ҳанӯз соли 2004, яъне 20 сол пеш шаҳрванди Русия шуда, ҷавони 27-сола тоза соли 2022 шаҳрвандии Русияро ба даст оварда буд. Ҷавонзани 24-солаи зодаи Тоҷикистон бошад, соли 2022 бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Устинови шаҳри Ижевск бо айни ҷурми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир шартан маҳкум ба зиндон шуд ва додгоҳ барои ӯ 3 сол муҳлати санҷишӣ муқаррар кардааст.
Акнун бо маҳрум шудан аз шаҳрвандии Русия ин ҷавонзан, ки шартан маҳкум шуда, дар озодӣ қарор дорад, бояд ба зудтарин фурсат қаламрави Русияро тарк кунад. Он ду нафари дигар баъди адои ҳукми зиндонашон бояд тарки Русия кунанд. ВКД Удмуртистон гуфт, агар ин афрод худашон мустақилона тарки Русия накунанд, маҷбуран берун карда хоҳанд шуд.
Дар Удмуртия аз қадим шумори зиёди маҳбасҳои Русия ҷойгир шудаанд. Дар маҳбасҳои ин ҷумҳурӣ садҳо тан аз маҳбусони тоҷик низ адои ҳукм мекунанд.
Дар умум шумораи маҳбусони тоҷик дар зиндонҳои Русия беш аз 7 ҳазор рақам зада мешавад. Тақрибан чоряки онҳо бо ҷурмҳои марбут ба қочоқу фурӯши маводи мухаддир зиндонӣ шудаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.