расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ТАБАДДУЛОТ ДАР ВКД? БАРКАНОРИИ 5 ГЕНЕРАЛИ БАЛАНДПОЯ ВА ПУРНУФУЗИ ВКД ТОҶИКИСТОН

Асосӣ / Сиёсат / Ҷомеа

ТАБАДДУЛОТ ДАР ВКД? БАРКАНОРИИ 5 ГЕНЕРАЛИ БАЛАНДПОЯ ВА ПУРНУФУЗИ ВКД ТОҶИКИСТОН

ТАБАДДУЛОТ ДАР ВКД? БАРКАНОРИИ 5 ГЕНЕРАЛИ БАЛАНДПОЯ ВА ПУРНУФУЗИ ВКД ТОҶИКИСТОН
Чанд манбаи наздик ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон рӯзи 1 феврали соли 2024 ба пойгоҳи хабарии “Бомдоди” хабари дар поёни моҳи январ барканор шудани дастикам 5 генерали баландпоя ва пурнуфузи ВКД ҷумҳуриро тасдиқ карданд. Бино ба иттилои ҳамсуҳбатони “Бомдод”, Раҳмонзода Саиднахш Ҳаким – генерал-майори милитсия, аз мақоми муовини вазир, Рамазонзода Суҳроб Кароматулло - генерал-майори милитсия аз мақоми сардори раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайъати шахсии ВКД, Ализода Анварҷон Ҷума – генерал-майори милитсия аз мақоми сардори Хадамоти давлатии “Муҳофиза”, Раҳимзода Абдураҳим аз мақоми сардори раёсати 7-уми ВКД (“разведка”) ва Ҳафиззода Шодӣ Хуршед – генерал-майори милитсия ва домоди Раҳмонқул Раҳимзода. бародари калонии вазири дохила Рамазон Раҳимзода, аз мақоми сардори раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилона, маълум ба УБОП ё “шуъбаи 6-ум” барканор карда шудаанд.
Манобеи огоҳи “Бомдоди” мегӯянд, овозаҳое ҳам чарх мезананд, ки аз боло дастур шудааст, то ки ин нафарони барканоршуда дигар ба вазифаҳои роҳбарикунанда пешниҳод карда нашаванд.
“Инҳо доираи таъсиргузор ва наздик ба вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамроҳ буданд ва ҳама кори вазоратро ҳаминҳо ҳал мекарданд. Аз ҷумла дар масъалаи таъйин ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда”, – гуфт яке аз ҳамсуҳбатони “Бомдод”.
Аввалин шуда дар бораи барканории роҳбарони баландпояи ВКД Тоҷикистон шоми 31 январ Додоҷон Атовуллоев, журналист ва сиёсатмадори тоҷики муқими Олмон дар Фейсбук хабар дод. Ӯ аз барканории дастикам 8 мансабдори баландпояи ин вазорат, бо шумули дастикам 4 генерал хабар дода, ин тағйироти кадриро “табаддулот дар ВКД” номид. “Табаддулот бо чӣ меанҷомад, ҳанӯз то охир рӯшан нест. Рамазон Раҳимзодаро ҳозир аз кор мегиранд ё бо ҳамроҳии Саймӯмин Ятимов - раиси КДАМ баъди имзои созишнома бо Қирғизистон? Бузмаков вазир мешавад ё Шоҳрух Саидзода?” – ҳадс задааст Додоҷон Атовуллоев.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.