расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Беш аз 478 ҳазор донишҷӯ дар 10 сол. Маркази миллии тестӣ дар тӯли фаъолияташ чӣ кор кард?

Асосӣ / Сиёсат

Беш аз 478 ҳазор донишҷӯ дар 10 сол. Маркази миллии тестӣ дар тӯли фаъолияташ чӣ кор кард?

Соли 2014 Маркази милли тестӣ (ММТ) дар Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кард. Инак, 10 сол мешавад, хатмкунандагон танҳо бо супоридани имтиҳон тавассути ин марказ донишҷӯ мешаванд. То ин дам онҳо бевосита дар худи донишкадаву донишгоҳҳо имтиҳон супорида, сазовори номи доиншҷӯй мешуданд. Аммо дар ин раванд хабарҳои ба фасод рабтдошта зиёд расонаӣ мешуд.
Яке аз сабабҳои аслии таъсиси ММТ ҳам аз байн бурдани ришвахӯрӣ ва афзоиши теъдоди донишҷӯён гуфта мешавад. То ин дам ин марказ ба чӣ натиҷаҳо ноил шуд ва то куҷо сатҳи фасод коҳиш ва теъдоди донишҷӯён афзоиш ёфт? “Азия-Плюс” фаъолияти 10 солаи ММТ-ро бо истифода аз омори ироагардида таҳлил кард.

Аз оғози кор то рекорди ММТ

Дар 10 соли фаъолият Маркази милли тестӣ беш аз 478 ҳазор довталабро ба донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳо (омор барои хатмкунандагони синфи 11)-и кишвар дохил кардааст. Аммо дар ҳамин муддат беш аз 363 ҳазор довталаб аз имтиҳоноти ММТ афтидаанд.
Дар соли аввали ММТ (2014) 52 ҳазору 408 довталаб ба қайд гирифта шуда, аз онҳо беш аз 22 ҳазору 500 нафар (43 дарсад) ба тақсимоти донишгоҳу донишкадаҳо роҳ ёфтанд.

Баъд аз ин, ҳарчанд теъдоди довталабон зиёд мешавад, аммо теъдоди онҳое, ки донишҷӯ намешавад, афзоиш меёбад.
Аз ҷумла, соли 2020 теъдоди рекордии довталабон - 100 ҳазор 398 нафар дар ММТ номнавис мешаванд, вале аз он 62 ҳазору 349 нафарашон (62 дарсад) ба макотиби олии кишвар роҳ меёбанду бас.
Аз сӯи дигар, тайи се соли охир теъдоди довталабон дар ММТ кам мешавад.
То моҳи сентябри соли 2023 низ беш аз 78 ҳазор довталаб дар ММТ ҳуҷҷат супорида, аз ин теъдод танҳо бештар аз 53 ҳазор нафар ба донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳои кишвар (омор барои хатмкунандагони синфи 11) дохил шуда, сазовори унвони донишҷӯ шудаанд.

Бояд гуфт, ки ММТ аз соли 2014 ҷорӣ гардида, вале тавассути ММТ қабули донишҷӯён ба коллеҷҳо дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (хатмкардагони синфи 11 ум) аз соли 2015 ба роҳ монда шудааст.

Сабаби кам шудани довталабон чист?

Абдулбосит Шодиниё, муовини якуми директори ММТ ба “Азия-Плюс” сабаби аслии кам шудани довталабонро дар се соли охир ба коҳиши хатмкунандагон дар мактабҳо маънидод кард.
Ба гуфтаи ӯ, соли 2023 теъдоди хамткунандагони синфи 11-ум 105 ҳазору 839 нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 13 ҳазору 853 нафар (13%) камтар аст.
Номбурда илова кард, ки дар се соли охир теъдоди ками хатмкунандагони мактабҳо ба ММТ номнавис мешаванд: соли 2020 - 87,5 дарсад, соли 2022 - 73 дарсад, соли 2023 - 66 дарсад.
Инчунин, дар пурсише, ки масъулини ММТ миёни 1072 нафар довталаб гузарониданд, аксари онҳо хостанд, ки дар хориҷа таҳсил кунанд, ба хидмати ҳарбӣ раванд ва оиладор шуда, ҳамчунин ба муҳоҷират раванд. Дар ин миён омилҳои беморӣ ва набудани шароити молиявӣ ҳам будааст.

Абдулбосит Шодиниё

Низоме, ки сатҳи фасодро коҳиш дод, вале...

Коршиносон бар ин назаранд, ки ММТ тӯли 10 соли фаъолияташ тавонист, теъдоди зиёди довталабонеро, ки бо низоми қаблӣ донишҷӯ шуданашон душвор буд, бидуни “миёнаравҳо”, ба донишгоҳу донишкадаҳо дохил кунад.
Комилҷон Раҳимов, коршиноси масоили илму маориф мегӯяд, низоми қаблие, ки аз шӯравӣ ба мо мерос монда буд ва донишгоҳу донишкадаҳои кишвар тибқи он донишҷӯ қабул мекарданд, ҷанбаҳои мусбат ва манфии зиёд дошт.
Ба қавли ӯ, бо низоми анъанавӣ донишҷӯ шудан кори басо сангин буд, аз довталаб дониши хуб ва ҷаҳонбинии фарохро талаб мекард, довталаб рӯбарӯи муаллим менишаст ва ба устоди огоҳ аз ихтисос имтиҳон месупорид, аз ин рӯ, довталаб тасодуфан ба ин ё он ихтисос дохил шуда наметавонист.

“Аммо ин низом - ҳам дар замони шӯравӣ ва ҳам дар даврони истиқлол - ба фасод олуда гардид. Роҳҳои “миёнабур” сохта шуд ва бачаҳои донишманд, вале камбағал ва бепул донишҷӯ шуданашон душвор буд”, - гуфт коршинос.
Дар ҳамин ҳол, Раҳимов таъкид кард, “агар ММТ-ро бо низоми пешина муқоиса кунем, албатта, пешравиҳо ҳастанд, пеш аз ҳама, ММТ мизони фасод ва хешутаборбозиро хеле коҳиш дод ва заминаи ба таври бесобиқа донишҷӯ шудани довталабони донишманд, аммо камбағалро гузошт”.
“То кунун дар ягон ҷои дунё системаи идеалӣ сохта нашудааст. Шумо метавонед ба натиҷаҳои санҷиши ММТ 100 дарсад бовар кунед, аммо ҳолатҳое ҳастанд, ки ба омили инсонӣ вобастигӣ доранд, масъалан, ҷойгиркунии довталабон дар донишгоҳҳо ва қабули донишҷӯ берун аз тестҳо, ки бояд онҳоро нодида нагирем”, - зикр кард Комилҷон Раҳимов.
Аз сӯи дигар, ин коршиноси тоҷик бо нигаронӣ иброз дошт, ки сатҳи системаи тестӣ аз имтиҳонҳои қаблӣ пасттар аст. Аз он ҷумла:
- бархе довталабон чашм пӯшида “галочка” мегузоранд ва тасодуфан интихоби дурустро пайдо карда, донишҷӯ мешаванд;
- бархеи дигар ба ихтисосҳое дохил мешаванд, ки то он замон аз он касб чизе нафаҳмидаанду намедонанд, яъне замина надоранд;
- вақте дар ихтсосҳои вижа имтиҳони эҷодӣ ҷорӣ намекунанд, дар донишгоҳ як аудиторияе ҷамъ мешавад, ки дарс гуфтани устод душвор мегардад;
- ва аз ҳама муҳим, тесте, ки дар имтиҳонҳои марказонидашуда таҳия шудааст, ба рушди тафаккури довталаб монеаи ҷиддӣ мегузорад;


Ёдовар мешавем, ки ММТ дар соли 2023 чор маротиба: моҳи март даври аввали асосӣ, моҳи август даври дуюми иловагӣ, моҳи сентябр даври комилан нави қабули довталабонро ба роҳ монд ва бори аввал даври чоруми бақайдгирии довталабон барои муҳассили бахши ғоибона дар донишкадаву донишгоҳҳои Тоҷикистон баргузор шуд.
Ба иттилои ММТ, то моҳи декабри соли 2023 нақшаи умумии қабули довталабон ба донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳои кишвар, ҳам барои хатмкардагони синфи 11 ва ҳам барои хатмкардагони синфи 9-ум, 55,3 дарсад пурра шудааст. Аммо нақшаи қабули довталабон ба донишгоҳу донишкадаҳо, ки кори таҳлили мо аст, дар ҷамъ 60,8 дарсад иҷро шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.