расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Толибон пешниҳоди СММ барои таъини боз як намояндаи вижа дар Афғонистонро рад карданд

Асосӣ / Ҷаҳон

Толибон пешниҳоди СММ барои таъини боз як намояндаи вижа дар Афғонистонро рад карданд

Амирхон Муттақӣ, иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Афғонистон, ба дипломатҳои 10 кишвар дар Кобул гуфтааст, ки зарурати таъини намояндаи нави вижаи СММ дар ин кишвар нест.
Ба навиштаи рӯзномаи "8 субҳ", Зиёаҳмад Такал, муовини сухангӯи вазорати хориҷаи Толибон* дидори Муттақӣ бо сафирон ва сарони намояндагиҳои дипломатии Русия, Чин, Эрон, Покистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Ҳинд ва Туркия ва Индонезияро дар Кобул расонаӣ кард.
Муттақӣ дар ин дидор афзудааст, ки кишварҳои минтақа бояд барои “афзоиш ва идомаи ҳамкориҳои мусбат” бо Толибон машваратҳои минтақавӣ диҳанд.
Ба иттилои манбаъ, Муттақӣ аз ин дипломатҳо хостааст, ки паёми ибтикори минтақавии Толибонро ба кишварҳои худ расонанд.
Изҳороти Муттақӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ахиран қатъномаеро тасвиб кард, ки бар асоси он, ин созмон намояндаи вижаеро барои Афғонистон таъйин мекунад ва наҳваи  “муомила” бо Толибонро мушаххас мекунад.
Толибон қаблан бо таъйини намояндаи вижа барои Афғонистон мухолифат карда, гуфта буданд, ки таъйини намояндаи вижаи изофӣ лозим нест. Айни ҳол Роза Отунбоева, собиқ раиси ҷумҳури Қирғизистон, намояндаи СММ дар Афғонистон аст.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.