расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » 5 САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ДУШАНБЕВУ БАЛХӢ ВА ЁВОНУ ДАНҒАРА

Асосӣ / Ҷомеа

5 САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ДУШАНБЕВУ БАЛХӢ ВА ЁВОНУ ДАНҒАРА

5 САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ДУШАНБЕВУ БАЛХӢ ВА ЁВОНУ ДАНҒАРА
ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки аз 19 то 22 январи соли 2024 дар роҳҳои ҷумҳурӣ 5 садамаи марговар рух додааст. Аз ҷумла шаби 19-уми январи соли 2024, тахминан соати 22:20, ронандаи мошини тамғаи «Тойота-Каролла», Саидов Сайдали Бадриддинович, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи Д.Халқҳои шаҳри Душанбе, пиёдагарди шахсияташ номаълум, ҷинсаш мард, тахминан 30-соларо пахш намудааст.Дар натиҷа, пиёдагарди мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, аз ҷониби худи ронанда ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
20-уми январи соли 2024, тахминан соати 15:00, ронандаи мошини тамғаи “ВАЗ-2107”, Малахов Айниддин, соли таваллудаш 1954, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Наврӯзи ҳамин ноҳия қоидаи ҳаракати роҳро вайрон намуда, ба самти муқобили роҳ баромада, ба мошини тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда, Бахтиев Хушвахт Муҳаммадиевич, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи мазкур бархӯрдааст.Дар натиҷа, ронандаи мошини тамғаи “ВАЗ-2107”, Малахов А. ва мусофираш Абдуназаров Ҳилолиддин Суҳробович, соли таваллудаш 2005, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, сипас дар беморхона Малахов А. ба ҳалокат расидааст...

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.