расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҲАБСИ 3 ҶАВОНЗАНИ АВБОШ БАЪДИ ҶАНҶОЛАШОН БО МУҲОФИЗОНИ МАРКАЗИ ДИЛХУШИИ “САЙЁРА”

Асосӣ / Ҷомеа

ҲАБСИ 3 ҶАВОНЗАНИ АВБОШ БАЪДИ ҶАНҶОЛАШОН БО МУҲОФИЗОНИ МАРКАЗИ ДИЛХУШИИ “САЙЁРА”

ҲАБСИ 3 ҶАВОНЗАНИ АВБОШ БАЪДИ ҶАНҶОЛАШОН БО МУҲОФИЗОНИ МАРКАЗИ ДИЛХУШИИ “САЙЁРА”
Маркази матбуоти раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе шоми 23 январи соли 2024 аз боздошти се ҷавонзан бо иттиҳоми майдаавбошӣ ва ба 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шудани ҳарсеи онҳо хабар дод. 
 Бино ба иттилои милитсияи пойтахт, дар асоси навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардида, аз ҷониби кормандони милитсия  Пирова Мадина Сафаровна, санаи таваллудаш 17.05.1997, Ҳасанова Таманно Сафаровна, санаи таваллудаш 28.07.1999, истиқоматкунандагони шаҳри Турсунзода ва Қурбонова Фархунда Шарифбеговна, санаи таваллудаш 2.08.1996, истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор дастгир карда шуданд.
 Худи ин се ҷавонзан барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале милитсияи Душанбе гуфт, зимни санҷиш муайян карда шуд, ки ин се нафар санаи 16-уми январи соли ҷорӣ, ҳангоми дар дохили маркази дилхушии «Сайёра», воқеъ дар кӯчаи Яккачинор қарор доштан, нисбат ба муҳофизони тарабхонаи мазкур дашному ҳақорат намуда, бо алфози кабеҳ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд.
 Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати ҳар се дастгиршуда тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттиҳоми майдаавбошӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати чораҷӯӣ ба додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ирсол карда шуд. Додгоҳ дар навбати худ нисбат ба ҳар кадоме аз ин 3 ҷавонзан ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯзӣ таъин кард.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.