расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » АЗ ЯК МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР ФУРУДГОҲИ ЕКАТЕРИНБУРГ 2,5 МИЛЛИОН РУБЛ ПУЛИ НАҚД ЁФТААНД

Асосӣ / Ҷомеа

АЗ ЯК МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР ФУРУДГОҲИ ЕКАТЕРИНБУРГ 2,5 МИЛЛИОН РУБЛ ПУЛИ НАҚД ЁФТААНД

АЗ ЯК МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР ФУРУДГОҲИ ЕКАТЕРИНБУРГ 2,5 МИЛЛИОН РУБЛ  ПУЛИ НАҚД ЁФТААНД
Кормандони боҷхонаи фурудгоҳи Колтсовои шаҳри Екатеринбурги Русия дар рӯзҳои иди Соли нав аз кӯшиши ба хориҷ бурдани тақрибан 6 миллион рубл пули нақд пешгирӣ кардаанд. Маблағи аз ҳама бузурги рекордӣ 2 миллиону 500 ҳазор рублро ташкил дод, ки бино ба гузориши раёсати боҷхонаи минтақаи Урал, ин миқдор пули зиёдро аз пойтахти ғайрирасмии Урал як шаҳрванди Тоҷикистон – мусофири парвози Екатеринбург – Хуҷанд бо худ ба Ватан бурданӣ буд.Ба ӯ бо худ бурдани танҳо як миллион рублро иҷозат дода, 1,5 миллион рубли боқимондаашро, ки бе эъломия ба хориҷ бурданашон мумкин набуд, то судури ҳукми додгоҳ гирифтаанд. Ба шаҳрванди Тоҷикистон барои кӯшиши ба хориҷи Русия бурдани маблағи бузурги пули нақд ҷарима ба маблағи аз 750 ҳазор то 3 миллион рубл таҳдид мекунад. Якуним миллиони аз ӯ гирифташударо низ метавонанд ба фоидаи давлат мусодира кунанд.
Сергей Боровик, сардори боҷхонаи фурудгоҳи Колтсово ба журналистон гуфт:  “Марзи Русияро бидуни эъломияи гумрукӣ метавон танҳо бо маблағи на бештар аз 10 ҳазор доллар убур кард. Фарқ надорад, ки шумо рубл мебаред, евро, юан, ё ҳар пули дигар. Муҳим ин аст, ки маблағ тибқи қурби расмӣ аз ҳадди 10 ҳазор доллар нагузарад. ТИн қоида танҳо барои интиқоли пули нақд аст. Барои берун баровардани пуле, ки шаҳрвандон дар кортҳои бонкӣ доранд, ягон маҳдудият ҷорӣ карда нашудааст”.
Ин бори аввал нест, ки муҳоҷирони тоҷик дар роҳи бозгашт ба Ватан аз муҳоҷирати меҳнатӣ дар фурудгоҳҳои Русия бо миқдори зиёди пули нақд ба даст меафтанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.