расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ШАРҲИ ВКД ДАР БОРАИ САДАМАИ ПУРҚУРБОНИИ КӮЛОБ: 2 НАФАР ҲАЛОК ВА 5 КАС МАҶРУҲ ШУД

Асосӣ / Ҷомеа

ШАРҲИ ВКД ДАР БОРАИ САДАМАИ ПУРҚУРБОНИИ КӮЛОБ: 2 НАФАР ҲАЛОК ВА 5 КАС МАҶРУҲ ШУД

ШАРҲИ ВКД ДАР БОРАИ САДАМАИ ПУРҚУРБОНИИ КӮЛОБ:  2 НАФАР ҲАЛОК ВА 5 КАС МАҶРУҲ ШУД
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон садамаи пурқурбонии субҳи 8 январи соли 2024 дар шаҳри Кӯлобро шарҳ дод ва гуфт, бар асари ин садама 2 нафар ҳалок гардида, 5 каси дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.
Бино ба иттилои ВКД, субҳи 8-уми январи соли 2024, тахминан соати 08:15, ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда, Зоиров Амрохон Мирзохонович, соли таваллудаш 2003, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Ш.Шоҳин ба самти кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини тамғаи “ДЭУ Сиэло”, таҳти идораи Абдураҳимов Кароматулло Сафаралиевич, соли таваллудаш 1989, низ сокини шаҳри Кӯлоб бархӯрдааст. Дар пайи ин бархӯрд, мошини тамғаи “ДЭУ Сиело” ба нуқтаи фурӯши ҳуҷраҳои истиқоматӣ, ки аз тарафи чапи канори роҳ ҷойгир мебошад, зада даромадааст.
Дар натиҷа, корманди нуқтаи фурӯши хонаҳо Кенҷаев Исмоил Кенҷаевич, соли таваллудаш 1971, сокини шаҳри Кӯлоб ва ронандаи мошини “ДЭУ Сиэло” Абдураҳимов К.С. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Инчунин, 3 мусофири мошини тамғаи “ДЭУ Сиэло” ва ронандаи мошини тамғаи “Опел-Астра” Зоиров А.М. ва мусофираш ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд/
Қаблан гузориш шуда буд, ки субҳи 8 январ бар асари ба девори ширкати хонафурӯшии "Коррез" бархӯрдани як мошин дар кӯчаи Ҳофизи Шерозии шаҳри Кӯлоб  се нафар ба ҳалокат расидаанд. 
Ин садама дар роҳе рух дод, ки аз чорроҳаҳои аз ҳама пурмошини шаҳри Кӯлоб ба ҳисоб меравад. То чанд соли пеш дар ин минтақа чароғақи роҳ фаъол буд ва рафтуомади мошинҳо тавассути он танзим мешуд. Вале бо оғози сохтмони хонаҳои баландошёна дар ин минтақа чароғакро канданд ва баъдан аз нав насб кардани онро  “фаромӯш” карданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.