расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БОЗДОШТИ БЛОГЕРИ ТОҶИК САЛМОН РАҶАБЗОДА ДАР МАСКАВ БАРОИ ТАҲҚИРИ ДУХТАРОНИ РУС

Асосӣ / Муҳоҷир

БОЗДОШТИ БЛОГЕРИ ТОҶИК САЛМОН РАҶАБЗОДА ДАР МАСКАВ БАРОИ ТАҲҚИРИ ДУХТАРОНИ РУС

БОЗДОШТИ БЛОГЕРИ ТОҶИК САЛМОН РАҶАБЗОДА ДАР МАСКАВ БАРОИ ТАҲҚИРИ ДУХТАРОНИ РУС 
Телеграм-канали ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия наздики SHOT шоми 7 январи соли 2024 бо такя ба манобеи худ хабар дод, ки  блогери зодаи Тоҷикистон, ки дар Маскав бо ҷурми барангехтани кинаю адовати миллӣ дастгир шуд, Салмон Ҷумъабой ном дорад ва ба ӯ барои таҳқир ва паст задани шаъну шарафи духтарони рус дар видеоҳояш то 6 соли зиндон таҳдид мекунад. Ин канал дар пушти аксҳои блогери тоҷик садои мардонаеро нашр кард, ки лоф мезанад, ки чӣ хел “бо Наташа кайф мекардам” ва ҳам иддао мекунад, ки “ба зудӣ ҳама духтарони рус занони мо мешаванд”. Вале ба иттилои манобеи SHOT, Салмон Ҷумъабой дар бозпурсӣ муаллифи сенария буданашро эътироф мекунад, вале гуфтааст, ки дар видеои ҷанҷолӣ садои ӯ нест.
Қаблан, нимаи аввали рӯзи 7 январ ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия Бахтовар Ҷумъаев хабар дод, ки шаби гузашта як блогери тоҷик дастгир шудааст. Ҳомии ҳуқуқ гуфт, “ӯро қаблан туҳмат карда, ба зиддаш маърака сохта буданд. Бе ягон гуноҳ!” Бахтовар Ҷумъаев шоми 7 январ тасдиқ кард, ки парвандаи ҷиноятӣ бар асоси банди “в” қисми дуюми моддаи 282 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми барангехтани кинаю адовати миллӣ ва паст задани шаъну шараф ба зидди блогери тоҷик Салмон Раҷабзода, ки бо тахаллуси Соломонкейн маъруф аст, кушода шудааст.
“Аввалaн, видео САҲНАСОЗИШУДА аст, вале маҳз ҳамин видео сару садои зиёд ба по карда, дар каналҳои гуногун дар Телеграм паҳн гардид ва шаҳрвандон ба хашм омада, аб Кумитаи тафтишоти Русия шикоят фиристодаанд. Хеле умедворем, ки додгоҳ қарори одилона хоҳад баровард”, - навиштааст Бахтовар Ҷумъаев.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.