расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДАР БАЙНИ ҲАМАГӢ 10 СОАТ ДАР ТОҶИКИСТОН ДУ ЗАМИНЛАРЗА РУХ ДОДААСТ

Асосӣ / Ҷомеа

ДАР БАЙНИ ҲАМАГӢ 10 СОАТ ДАР ТОҶИКИСТОН ДУ ЗАМИНЛАРЗА РУХ ДОДААСТ

ДАР БАЙНИ ҲАМАГӢ 10 СОАТ ДАР ТОҶИКИСТОН ДУ ЗАМИНЛАРЗА РУХ ДОДААСТ
Дар байни ҳамагӣ 10 соат – дар нимаи дуюми рӯзи 3 январ ва нимашаби 4 январи соли 2024 – дар қаламрави Тоҷикистон ду заминларза рух додааст.
Бино ба иттилои марказҳои байналмилалии зилзиланигорӣ, аз ҷумла пойгоҳи интернетии http://xn--arthquaketrack-zvl.com/, ки заминларзаҳо дар саросари сайёраро ба сурати шабонарӯзӣ пайгирӣ ва сабт мекунад, қариби соати яки шаби 4 январи соли 2024, дақиқтараш соати  00:42 ба вақти Тоҷикистон, заминларзаи шиддаташ  4,1 балл тибқи ҷадвали Рихтер шарқи вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшонро такон дод. Маркази ин заминларза дар 10-километрии шимоли маркахи ноҳияи Мурғоб ҷойгир шуда буд. Дар бораи кадом харобиву хисорот бар асари ин офати табиӣ гузоришҳо ба даст нарасидаанд.
Зилзиланигорони тоҷик дар бораи ин заминларзаи шабона то ҳол хабаре надодаанд, вале Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қаблан хабар дод, ки дар нимаи дуюми рӯзи 3 январи соли 2024, соати 14:24 ба вақти маҳаллӣ, дар қаламрави ҷумҳурӣ як заминларзаи дигар сабт шудааст. Ба иттилои зилзиланигорони тоҷик, маркази ин заминларза дар масофаи 320-километрии ҷанубушарқи шаҳри Душанбе ва 260-километрии ҷанубушарқи шаҳри Роғун дар қаламрави Афғонистон ҷойгир шуда, шиддати заминларза дар марказаш 4 балл ва дар Роғун ҳамагӣ 2 баллро ташкил додааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки хушбахтона, ин офати табиӣ боиси ягон харобиву хисорот ва осеб нашудааст.
Дар ҳамин ҳол, сомонаи http://xn--arthquaketrack-zvl.com/ хабар дод, ки  маркази заминларзаи рӯзи 3 январ дар 13-километрии маркази ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшони Афғонистон ҷойгир шуда буд, вале шиддаташ тибқи ҷадвали Рихтер, 4,9 баллро ташкил медод, на 4 балле, ки Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гузориш додааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.