расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДАР ИСТАРАВШАН БА ЯК ОИЛАИ НИЁЗМАНД ХОНА ТУҲФА КАРДААНД

Асосӣ / Ҷомеа

ДАР ИСТАРАВШАН БА ЯК ОИЛАИ НИЁЗМАНД ХОНА ТУҲФА КАРДААНД

ДАР ИСТАРАВШАН БА ЯК ОИЛАИ НИЁЗМАНД ХОНА ТУҲФА КАРДААНД (5 АКС)
Дар Истаравшан  бо як иқдоми барои мақомоти давлатии Тоҷикистон камсобиқа ба як оилаи ниёзманд хона туҳфа кардаанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳр, рӯзи 31 декабри соли 2023 шаҳрдори Истаравшан Адҳам Маъмурзода худаш шахсан ба ёдати ин оила рафта, ҳамчун туҳфаи солинавӣ ба шаҳрванд Маърифат Камолова калиди хонаи дуҳуҷрагиро тақдим кардааст.
“Маърифат Камолова тайи чанд соли охир бо оилааш иҷоранишин буда, соҳиби ду фарзанд мебошад ва тайи чанд соли охир барои таъмин гардидан бо манзили истиқоматии доимӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр муроҷиат менамуд. Мавриди зикр аст, ки як соли охир бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ҳар моҳ маблағи иҷораи хонаи мувақаттии Маърифат Камолова аз ҳисоби фонди захиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан дода мешуд. Ҳамакнун, бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша орзуи деринаи оилаи мазкур амалӣ гардида, дар арафаи соли нав соҳиби манзили истиқоматии шахсӣ гардиданд”, - гуфта мешавад дар иттилоияи дафтари матбуоти раиси шаҳри Истаравшан.
Дар бораи ба оилаҳои муҳтоҷу камбизоат туҳфа кардани хона аз ҷониби шахсони саховатпешаву соҳибкорон низ хабарҳо зиёд нашр мешаванд, вале ба чунин кори хайр ташаббус кардани мақомоти маҳаллӣ, ҳатто бо кумаки соҳибкорону мардуми дастбахайр, дар Тоҷикистон ҳодисаи хеле нодир аст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.