расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Даҳҳо кушта ва садҳо хона вайрону валангор. Оқибатҳои зилзилаи Ҷопон. АКС

Асосӣ / Ҷаҳон

Даҳҳо кушта ва садҳо хона вайрону валангор. Оқибатҳои зилзилаи Ҷопон. АКС

Шумори қурбониёни заминларзаи субҳи 1-уми январ дар Ҷопон дастикам ба 24 нафар расид. Рӯзномани ҷопонии Mainichi Shimbun навиштааст, танҳо дар шаҳри Вадзима дар ғарби Ҷопон, камаш ҳашт нафар ба ҳалокат расиданд. Ин омор то субҳи 2-юми январ аст ва ҳар лаҳза метавонад бештар шавад.Фумио Кишида, нахуствазири Ҷопон рӯзи 2-юми январ аз “қурбониёни зиёд” хабар дод. Ӯ наҷоти бозмондагонро аз зери харобаҳо “мусобиқа бо вақт” номид.
Мақомоти Ҷопон рӯзи 1-уми январ пас аз чанд заминларзаи шадид, ки қувваи яке аз онҳо ба 7.6 дараҷа мерасид, аз эҳтимоли сар задани сунамӣ ҳушдор доданд. Сарвазири Ҷопон Фумио Кишида аз аҳолии минтақаи зери хатар хост, ки ҳарчи зуд ба ҷойи амну баландтар бираванд.
Хабаргузории олмонии “Дойчи вели” (DW) субҳи 2-юми январ аз қавли мақомоти маҳаллӣ гузориш дод, ки дасти кам 7 нафар сахт маҷруҳ шуда, “бисёре аз биноҳо осеб диданд, даҳҳо хона сӯхта ва фурӯ рехтанд.” Ба навиштаи ин манбаъ, бо гузашти 13 соат аз ҳодиса, натавонистаанд сӯхторро пурра хомӯш кунанд.Мақомоти ҷопонӣ гуфтанд, амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот дар минтақаҳои зарардида идома дорад.
Ҷопон дар гузашта шоҳиди зилзилаҳои сахте будааст. Аз ҷумла соли 2011 дар ин кишвар заминларзаи сахт ва сунамӣ рӯй дода, боис ба садама дар нерӯгоҳи ҳастаии “Фукушимо 1” шуд. Ин фоҷиаи ҷиддитарини атомӣ баъд аз садама дар нерӯгоҳи ҳастаии Чернобил дар соли 1986 арзёбӣ мешавад.
Дар он ҳодиса тақрибан бист ҳазор кас ҷон бохтаву бе ному нишон шуданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.