расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Сард ё гарм? Моҳи январ обуҳаво дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ

Сард ё гарм? Моҳи январ обуҳаво дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?

Моҳи январ дар Тоҷикистон ҳаво барои ин давра хос сарди зимистона мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Дар ҳамин ҳол, дар Агентӣ зикр карданд, ки ҳарорати миёна дар кишвар як дараҷа баландтар аз меъёр хоҳад буд.
Миқдори боришот низ метавонад аз меъёр баланд шавад, лекин начандон зиёд. Вобаста ба минтақа ҳарорат рӯзона метавонад то 10 дараҷа хунук шавад. Масалан, дар шарқи ВМКБ ҳарорати миёна то 28 дараҷа хунук мешавад.
Дар зер маълумоти муфассал доир ба пешгӯии обуҳаво дар минтақаҳои Тоҷикистон:
Вилояти Хатлон ва водиҳои Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣҲарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1º баланд  пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 2+5º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 0-1º хунукиро ташкил медиҳад.
Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар буда, дар водиҳо шабона аз 0+5º гарм то 2-7º хунук, рӯзона аз 9+14º гарм то 3+8º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона аз -2+3º то 5-10º хунук, рӯзона аз 6+11º гарм то 0+5º гарм мешавад.
Дар рӯзҳои алоҳида пастшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона то 7-12º хунук, рӯзона то 1-6º хунук, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона то 10-15º хунук, рӯзона то 4-9º хунук мешавад.
Миқдори моҳонаи боришоти атмосферӣ дар ҳудуди меъёри иқлимӣ ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ мешавад (меъёр: дар водиҳо 43-82 мм, дар ноҳияҳои ҷанубӣ 28-46мм, дар доманакӯҳҳо 86-102 мм).
 Рӯзҳои алоҳида дар баъзе ноҳияҳо шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 15-20м/с пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд.
Вилояти Суғд
Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар водиҳо ва ноҳияҳои кӯҳӣ дар ҳудуди меъёри иқлимӣ ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1º баланд пешгӯӣ шуда,  дар водиҳо -1+1º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 3-7º хунукиро ташкил медиҳад.
Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона аз -3+2º то 5-10º хунук, рӯзона аз 4+9º гарм то -2+3º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2-7º хунук то 9-14º хунук, рӯзона аз -3+2º то 3-8º хунук мешавад.
Дар рӯзҳои алоҳида пастшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона то 10-15º хунук, рӯзона то 4-9º хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 12-17 хунук то 16-21º хунук, рӯзона то 6-11º хунук мешавад.
Миқдори моҳонаи боришоти атмосферӣ дар ҳудуди меъёри иқлимӣ ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ кам пешгӯӣ мешавад (меъёр: дар водиҳо 15-39 мм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 9-18 мм).
Рӯзҳои алоҳида шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 17-22м/с пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд.
Минтақаҳои кӯҳии Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБҲарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди  меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1º баландтар пешгӯӣ шуда, 3-7º хунук, дар баъзе ноҳияҳо то -10º хунукиро ташкил медиҳад.
Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар буда, шабона аз 2-7º хунук то 9-14º хунук (дар н.Дарвоз то -3+2º), рӯзона аз -3+2º то 3-8º хунукӣ (дар н.Дарвоз то 3+5º гарм)-ро ташкил медиҳад.
Дар рӯзҳои алоҳида пастшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, шабона то 9-14º хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 14-19º хунук, рӯзона 4-9º хунук, дар баъзе ноҳияҳо то  8-13º хунук мешавад.
Миқдори моҳонаи боришоти атмосферӣ дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёр зиёд дар назар дошта шудааст (меъёр: дар ғарби ВМКБ 20-56 мм, дар ноҳияҳои кӯҳии НТҶ 39-150 мм).
Рӯзҳои алоҳида дар баъзе ноҳияҳо шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 15-20м/с пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд.
Шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони БадахшонҲарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёри иқлимӣ пешгӯӣ шуда,15-17º хунукиро ташкил медиҳад (дар мавзеи Булункӯл то -24º хунук).
Дар давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати шабонаи ҳаво пешгӯӣ шуда,  аз 17-22º хунук то 23-28º хунук, дар рӯзҳои алоҳида ҳарорати ҳаво паст шуда то 32-37º хунук (дар мавзеи Булункӯл то 45-50º хунук), рӯзона аз 6-11º хунук то 9-14º хунук, рӯзҳои алоҳида ҳарорати ҳаво паст шуда то 13-18º хунук мешавад (дар мавзеи Булункӯл то 20-25º хунук).
Миқдори моҳонаи боришот дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе минтақаҳо аз меъёри иқлимӣ кам пешгӯӣ мешавад (меъёр: 5-20 мм).
Рӯзҳои алоҳида дар баъзе минтақаҳо шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 12-17 м/с пешгӯӣ мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.