расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Дар воридоти гандум аз Қазоқистон Тоҷикистон дар зинаи дуюм қарор дорад.

Асосӣ / Иқтисодиёт

Дар воридоти гандум аз Қазоқистон Тоҷикистон дар зинаи дуюм қарор дорад.

Аз лиҳози воридоти гандум аз Қазоқистон Тоҷикистон дар зинаи дуюм қарор гирифт. Ҷумҳурӣ аз кишвари ҳамсоя 404 ҳазор тонна гандум овардааст, ки 12% зиёдтар нисбат ба соли пешин мебошад.
Дар ин бора Бюрои омори миллии Қазоқистон хабар медиҳад.
Ба иттилои хабаргузории «АПК Новости»содироти гандум 24% афзуда, дар давраи моҳҳои январ-октябри соли 2023 аз кишвар ба бозорҳои хориҷа ба маблағи 1 млрд доллар 3,8 млн тонна гандум бароварда шудааст.
Ба кишварҳои ИДМ 2 млн 726 ҳазор тонна гандум фиристода шуда, ҳаҷми афзоиш 29%-ро ташкил додааст.
Ҳаҷми аз ҳама бештар - 1 млн 976 ҳазор тонна (афзоиш - 40%) ба Ӯзбекистон содир шуда, зинаи сеюмро Туркманистон ишғол мекунад. дар ин давра ба Туркманистон 230 ҳазор тонна гандум (афзоиш - 19%) содир шудааст.
Ба баъзе кишварҳо гандум бо коҳиши назарраси ҳаҷм содир гардидааст: Озарбойҷон - 104 ҳазор тонна (14% камтар), Русия - 9,9 ҳазор тонна (62% камтар) ва Қирғизистон - 1 ҳазор тонна (56% камтар).
Дар робита ба кишварҳои дигар бошад, бозорҳои ҳаҷмаш аз ҳама бештар Афғонистон, Чин, Италия ва Туркия номбар шудаанд.
Ёдрас мекунем, ки дар содироти молу маҳсулот аз Қазоқистон ба Тоҷикистон гандум дар ҷойи аввал аст. Беш аз 90%-и зироати ғалладонаро Тоҷикистон аз Қазоқистон ворид мекунад.
Талаботи Тоҷикистон дар гандум зиёда аз 2 млн тоннаро ташкил медиҳад, аз ин рӯ, бо назардошти ҳосил дар дохили ҷумҳурӣ, тибқи пешгӯии Вазорати рушди иқтисод, боз харидории 1 млн 200 ҳазор тонна гандум зарур аст.
Мувофиқи маълумоти омори расмӣ, дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 900 ҳазор тонна гандум парвариш ёфта, барои истеҳсоли орд дар дохили кишвар 700 ҳазор тонна гандум ворид карда шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.