расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Сарҳади баста миёни Тоҷикистону Қирғизистон нархи ангиштро боло бурдааст.

Асосӣ / Иқтисодиёт

Сарҳади баста миёни Тоҷикистону Қирғизистон нархи ангиштро боло бурдааст.

Сарҳади баста миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон боиси афзоиши нархи ангишт дар вилояти Суғд гардидааст. Ҳамакнун, ангишти Қирғизистон тавассути Ӯзбекистон вориди Тоҷикистон мешавад ва хараҷоти изофӣ нархро боло мебарад. Сокинон бошанд, аз афзоиши нархи ангишт дар ташвишанд ва умедворанд, ки сарҳад ҳарчи зудтар боз гардида, гардиши молу коло миёни ду кишвар барқарор мешавад ва таъсири бевоситаи манфӣ ба ҳамёни онҳо коҳиш меёбад.
Айни ҳол дар вилояти Суғд 1 кг ангишти Қирғизистон 3,5 – 3,6 сомонӣ фурӯхта мешавад. Хокаи ин ангишт 1,4 – 1,6 сомонӣ арзиш дорад. Соли гузашта, дар ин шабу рӯз, ки он замон низ сарҳад миёни ду кишвар баста буд, як килограм ангишти ҳамсоякишвар дар вилояти Суғд 2,8 сомонӣ ва хокаи он 1,5 сомонӣ нарх дошт.
Аммо пеш аз баста шудани сарҳад ангишти Қирғизистон 1,5 сомонӣ ва хокаи он 70-80 дирам барои 1 кг фурӯхта мешуд.
“Гарон шудааст, аммо чорае надорем”Абдуҳамид Сафаров, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки барои харидории ангишт омадааст, дар суҳбат  гуфт, гаронии нархи ангишт эҳсосшаванда аст ва на ҳама метавонад онро ба миқдори кофӣ харидорӣ кунад.
“Арзон шавад барои халқ хуб мешавад. Шароити ҳама ҳар хел, баъзе нафарон ангишт харида наметавонад, аммо дар зимистон бе ангишт намешавад”, - гуфт Абдуҳамид Сафаров.
Гулчеҳра Азимова, сокини дигари ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳам аз арзиши гарони ангишт нигарон аст.
Ӯ мегӯяд, рӯз аз рӯз ангишт гарон мешавад ва ин ба зиндагии ӯ таъсир мерасонад.
“Солҳои пеш 1 кг хокаи ангишт 50 дирам буд. Баъд сол аз сол гаронтар шуд. Ҳоло он 1,4 сомонӣ шудааст. Аммо чун зарурат ҳаст, мехарем”, - мегӯяд Гулчеҳра Азимова.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.