расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДАР ШАҲРИСТОН ДУ ТИФЛИ ХУРДСОЛ АЗ ЯК ХОНАДОН ДАР ОБИ КАНАЛ ҒАРҚ ШУДААНД

Асосӣ / Ҷомеа

ДАР ШАҲРИСТОН ДУ ТИФЛИ ХУРДСОЛ АЗ ЯК ХОНАДОН ДАР ОБИ КАНАЛ ҒАРҚ ШУДААНД

ДАР ШАҲРИСТОН ДУ ТИФЛИ ХУРДСОЛ АЗ ЯК ХОНАДОН ДАР ОБИ КАНАЛ ҒАРҚ ШУДААНД
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодддаи Тоҷикистон рӯзи 25 декабри соли 2023 бо такя ба маълумоти навбатдори раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд хабар дод, ки дар деҳаи Ваҳдати ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд ду тифл аз як хонадон, ки яке чор ва дуюмӣ ду сол дошт, дар оби канали деҳа ғарқ шуда ва ба ҳалокат расидаанд. 
Тафсилоти дигари ҳодиса нашр нашудааст. Маълум нест, ки ду кӯдаки хурдсол дар ин фасли зимистон дар канал чӣ кор мекарданд? Танҳо гуфта мешавад, ки ҷанозаҳои ин ду тифли ғӯррамаргро сокинони деҳа пайдо карда, ба мақомоти дахлдор супурданд.
Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд сабаби ин ҳодисаро, ки як хонаводаро дар марғи ду ҷигарбандашон ғарқи мотам кард, беназоратии волидон номидааст.  
Бино ба омори расмии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, дар нимаи аввали соли 2023 дар кӯлу дарёву каналҳои Тоҷиктстон 87 нафар, аз ҷумла 46 кӯдаку навраси то синни 16 ғарқ шудаанд. Соли гузашта дар ҷумҳурӣ 160 нафар, аз ҷумла 80 кӯдаку наврас ғарқ шуда буданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.