расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Зане, ки ду нафарро ба Туркия бурда, ба фоҳишагарӣ водор кардааст, равонаи зиндон шуд

Асосӣ / Сиёсат / Ҳаводис

Зане, ки ду нафарро ба Туркия бурда, ба фоҳишагарӣ водор кардааст, равонаи зиндон шуд

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд як ҷавонзани 22-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро барои бо ваъдаи кор ба Туркия бурдану ба фоҳишагӣ водор кардани ду зани тоҷик 8 солу 6 моҳ равонаи зиндон кардааст. Дар ин бора зимни гузориши телевизионии “Милитсия хабар медиҳад”, ки Раёсати ВКД дар вилояти Суғд омода мекунад, иттилоъ дода шуд.
Дар навор аз муттаҳам Манижа Неъматуллоева ном бурда шуда, гуфта мешавад, ки ӯ моҳи декабри соли 2021 ва январи соли 2022 бо роҳи фиреб ду ҷавонзанро бо ваъдаи кори сердаромад ба Туркия бурда, вале “зери асорати қарзӣ гузошта, давоми 1 сол ба фоҳишагарӣ водор ва зери истисмори шаҳвонӣ қарор додааст”Ба иттилои Раёсати ВКД дар вилоятти Суғд Манижа Неъматуллоева ҷавонзани дуввумро “бо маслиҳати шарикони ҷиноятиаш, ки дар хориҷа қарор доранд, ба истисмори шаҳвонӣ ҷалб кардааст”. Вале аз шариконаш ном бурда намешавад.
Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Манижа Неъматуллоеваро барои савдои одамон (моддаи 130 иловаи 1 қисми 2 бандҳои а,б ва в Кодекси ҷинотяӣ) гунаҳкор дониста, 8 солу 6 моҳ равонаи зиндони низомаш умумӣ кардааст. Ин банди Кодекси ҷиноятӣ аз 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Мавқеи наздикон ва вакили дифои Манижа Неъматуллоева маълум нест.
Ёдовар мешавем, ки ҷалби духтарони ҷавон барои фоҳишагӣ дар хориҷи кишвар, махсусан Туркия ва Дубай сари чанд вақт расонаӣ мешавад. Аз ҷумла, моҳи июли соли равон Додгоҳи Олӣ Ҷамолиддин Расулов, роҳбари шикати “Ҷамол - 2012”-ро барои савдои одамон гунаҳкор дониста ба 12 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум
 карда буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.