расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ТАФСИЛОТИ МУНОҚИШАИ ТАКСИРОНИ ТОҶИК БО ПУЛИС ДАР БОЗОРИ “САДОВОД”. СӮҲРОБ ЮСУПОВ ДАР ДОДГОҲ ГУФТ, КИ Ӯ БЕГУНОҲ АСТ

Асосӣ / Муҳоҷир

ТАФСИЛОТИ МУНОҚИШАИ ТАКСИРОНИ ТОҶИК БО ПУЛИС ДАР БОЗОРИ “САДОВОД”. СӮҲРОБ ЮСУПОВ ДАР ДОДГОҲ ГУФТ, КИ Ӯ БЕГУНОҲ АСТ

ТАФСИЛОТИ МУНОҚИШАИ ТАКСИРОНИ ТОҶИК БО ПУЛИС ДАР БОЗОРИ “САДОВОД”. СӮҲРОБ ЮСУПОВ ДАР ДОДГОҲ ГУФТ, КИ Ӯ БЕГУНОҲ АСТ 
Додгоҳи ноҳияи Люблинои шаҳри Маскав рӯзи 16 декабри соли 2023 шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистон Юсупов Сӯҳроб Хурсандовичро, ки дар пайи муноқишааш бо пулис дар бозори “Садовод” бар асоси  ду моддаи Кодекси ҷиноятии Русия: моддаи 318 (зӯроварӣ нисбат ба намояндаи ҳокимият)  ва моддаи 319 ( таҳқири намояндаи ҳокимият дар мазҳари ом) айбдор мешавад, то 16 феврали соли 2023 ба ҳабси пешакӣ гирифт.
Бино ба фарзияи тафтишот, шоми 15 декабри соли 2023, тахминан соати 18, корманди пулис мошини Сӯҳроб Юсуповро барои тафтиши ҳуҷҷатҳояш манъ кард. Ронанда кӯшиши фирор карда, мошинашро болои корманди пулис ронд ва ӯро дар рӯи капоти мошинаш чанд метр кашонда, ба ҳаёт ва саломатиаш хатар эҷод кард ва ҳангоми боздошташ низ корманди пулисро чанд зарбаи дигар зада, бо лафзи қабеҳ таҳқир кардааст. Ва аммо тасвири ин ҳодиса аз забони шоҳидони дигар аз фарзияи пулис фарқ мекунад. Муҳоҷирон мегӯянд, пулис бо як шеваи бераҳмона ронандаро дастгир карда, ба баданаш электрошокер зад ва азбаски Сӯҳроб Юсупов бемории саръ (эпилепсия) доштааст, аз зарбаи нирӯи барқ ин бемориаш авҷ гирифта, ӯ аз ҳуш рафтааст. Ба гуфтаи муҳоҷирон, маҳз чунин бархӯрди бераҳмонаи пулис нисбат ба як ронандаи бемор сабаб шуд, ки онҳо ба ҳимоят аз ӯ ҷамъ шаванд. Прокуратураи шаҳри Маскав дар Телеграм-каналаш хабар дод, ки ҳарчанд додгои Люблино аз дархости тафтишот барои ба ҳабси пешакӣ гирифтани ронанда пуштибонӣ кард, вале худи ронанда дар додгоҳ иттиҳоми эълоншударо ба гардан нагирифт ва ҳамчунин аз интихоби ҳабси пешакӣ ба ҳайси чораи пешгирӣ нисбат ба ӯ норозигӣ кард.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.