расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҲАЛОКАТИ СЕ НАФАР ДАР ДУ САДАМАИ МАРГОВАРИ ШАБ ВА СУБҲИ 12 ДЕКАБР

Асосӣ / Ҷомеа

ҲАЛОКАТИ СЕ НАФАР ДАР ДУ САДАМАИ МАРГОВАРИ ШАБ ВА СУБҲИ 12 ДЕКАБР

ҲАЛОКАТИ СЕ НАФАР ДАР ДУ САДАМАИ МАРГОВАРИ ШАБ ВА СУБҲИ 12 ДЕКАБР
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки шаб ва субҳи 12 декабри соли 2023 дар ду садама дар шимол ва ҷануби ҷумҳурӣ се нафар ҷон бохтаанд. 
Аз ҷумла шаби 12-уми декабри соли 2023, тахминан соати 01:15, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс-180», Сотиболдиев Алӣ Ҷӯраевич, соли таваллудаш 1960, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Хуҷанд-Душанбе-Чаноқ» дар ҳудуди ҷамоати Яхтани ноҳияи Деваштич ба мошини тамғаи «Мерседес-Атего», таҳти идораи ронанда Зиёев Абдумалик Алиевич, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронандаи Сотиболдиев А.Ҷ. ва мусофираш Қарабоев Зиёвиддин Мусоевич, соли таваллудаш 1961, сокини шаҳри Турсунзода, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Субҳи 12-уми декабри соли 2023, тахминан соати 09:30, ронандаи мошини тамғаи “Ҳюндай Аванте”, Тошзода Мухтор Абдусалом, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Бохтар-Душанбе”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳияи Хуросон, бо вуҷуди номусоид будани боду ҳаво ва боришоти борон қоидаҳои ҳаракати роҳро риоя накарда, бо суръати баланд ҳаракат карда, мошинашро ба чуқурии канори роҳ чаппа намудааст. Дар натиҷа, мусофири ин мошин Шомудинов Ҷалолуддин Саидҷонович, соли таваллудаш 1974, сокини ноҳияи А.Ҷомӣ, дар ҷойи ҳодиса ҷон додааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.