расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ЗАДУХӮРДИ МУСАЛЛАҲОНА ДАР ДАРУНИ ЯК ПАХТАЗОР ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН

Асосӣ / Ҷомеа

ЗАДУХӮРДИ МУСАЛЛАҲОНА ДАР ДАРУНИ ЯК ПАХТАЗОР ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН

ЗАДУХӮРДИ МУСАЛЛАҲОНА ДАР ДАРУНИ ЯК ПАХТАЗОР ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод, ки дар як задухӯрди мусаллаҳона бо қочоқбарони афғон дар ҳудуди ноҳияи Ҷайҳун (собиқ Қумсангир)-и вилояти Хатлон дар марз бо Афғонистон як қочоқбар кушта шуда, ду шарики ӯ ба тарафи Афғонистон фирор кардаанд. Дар наворҳои фаврии аз маҳалли ҳодиса нашршуда дида мешавад, ки ин даргирии мусаллаҳона  дар ноҳияи Ҷайҳун  дар даруни як замини пахтазор сурат гирифтааст. Ин задухӯрд рӯзи 30 ноябри соли 2023 сурат гирифтааст, вале хабараш тоза 10 декабр нашр шуд.
Бино ба иттилои расмӣ, кормандони Кумитаи амният ва нирӯҳои сарҳаддии Тоҷикистон рӯзи 30 ноябр дар минтақаи дидбонгоҳи 5 қисми низомии 0306 отряди сарҳаддии Панҷ дар ҳудуди ноҳияи Ҷайҳун як ҳолати убури ғайриқонунии марзи Афғонистон бо Тоҷикистон бо мақсади қочоқи маводи мухаддир аз ҷониби се нашъаҷаллоби мусаллаҳи афғонро ошкор кардаанд. Ҳангоми кӯшиши боздошти марзшиканон даргирии мусаллаҳона рух додааст.Дар гузориш гуфта мешавад, ки дар ҷараёни задухӯрд яке аз қочоқбарон бо номи Башир валади Аҳмад, ки зоҳиран 37 то 40 сол дорад, “безарар гардонида шуда”, ду шарики дигари ӯ ба самти Афғонистон фирор кардаанд. Аз ҷои ҳодиса се борхалтаи полиэтиленӣ бо 25 баста бо 20 кило ҳашиш ёфт шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.