расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » МАРГИ МОДАР БО ДУ ДУХТАРАШ АЗ ДУДИ АНГИШТ ДАР МАҲАЛЛАИ ХУҶАМБИЁИ ПОЁН

Асосӣ / Ҷомеа

МАРГИ МОДАР БО ДУ ДУХТАРАШ АЗ ДУДИ АНГИШТ ДАР МАҲАЛЛАИ ХУҶАМБИЁИ ПОЁН

МАРГИ МОДАР БО ДУ ДУХТАРАШ АЗ ДУДИ АНГИШТ ДАР МАҲАЛЛАИ ХУҶАМБИЁИ ПОЁН
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки шаби 7 ба 8 декабри соли 2023 дар маҳаллаи Хуҷамбиёи поёни ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе се узви як оила: модари 42-сола ва ду духтари ӯ – солҳои таваллудашон 2002 ва 2020 –  аз дуди ангишт ҷон додаанд.Ин ниҳод дар бораи ин ҳодисаи фоҷиабор тафсилоти дигар надодааст, вале бино ба иттилои дарёфтӣ, ҳарсе қурбонии ин ҳодисаи нохушро рӯзи 9 декабр ба хок супурдаанд. Модар бо ду духтараш ҳарсе дар хоб аз дуди ангишт заҳролуд шудаанд. Дар аксе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, ки ҷасадҳои алакай сардшудаи модарро бо духтаронаш дар зери кӯрпаҳо дар ҳоле пайдо кардаанд, ки канори ҳам хобида буданд.
Падари ин хонавода дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор доштааст. Аз се фарзанди ин хонавода танҳо як духтари дигар, ки дар хонаи шавҳараш буд, зинда мондааст.
Ҳар сол дар фасли сармо аз Тоҷикистон дар бораи аз дуди ангишт заҳролуд шудану ба ҳалокат расидани сокинон хабарҳо ба даст мерасанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.