расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Президент 4 додрасро аз вазифа озод кард. Яке барои паст задани шаъну эътибори додрас

Асосӣ / Президент / Сиёсат

Президент 4 додрасро аз вазифа озод кард. Яке барои паст задани шаъну эътибори додрас

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон як додрасро бинобар содир кардани кирдоре, ки шаъну эътибори додрасро паст мезанад, аз вазифа озод кард. Инчунин, 3 додраси дигар бинобар пурра шудани вақти дар вазифа буданашон аз кор озод гардидандЗайдуллозода Саидаҳмад Миршариф аз вазифаи судяи суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, озод карда шавад”, - омадааст дар фармони Эмомалӣ Раҳмон.
Ба гуфтаи манбаъ, инчунин Табарзода Изатулло аз вазифаи муовини додраси Додгоҳи вилояти Хатлон бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи додрас будан аз кор озод карда шуд.
Илова бар ин, Юсуфзода Муҳаммадалӣ  ва Абдулғанизода Абдумонеъ, ду додраси Додгоҳи шаҳри Душанбе бо сабаби дар боло зикршуда, аз вазифа озод шуданд.То ҳол ба ҷои додрасҳои аз вазифа озодшуда, нафарони нав таъйин нашудаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.