расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » РОНАЛДУ ВИЗАИ ТОҶИКИСТОН ГИРИФТ! ЧАШМ БА РОҲЕМ!

Асосӣ / Варзиш

РОНАЛДУ ВИЗАИ ТОҶИКИСТОН ГИРИФТ! ЧАШМ БА РОҲЕМ!

РОНАЛДУ ВИЗАИ ТОҶИКИСТОН ГИРИФТ! ЧАШМ БА РОҲЕМ!
Бино ба хабарҳои расида, Криштиану Роналду, ситораи маъруфи футболи муосир, ки ҳоло дар ҳайхати тими “Ан-Наср” аз Арабистони Саудӣ бозӣ мекунад, дар баробари дигар бозигарони “Ан-Наср” визаи Тоҷикистонро дарёфт кардааст.  Ин умеди мухлисонаш ба омадани Роналду ба Тоҷикистонро қавитар мекунад. Агар ӯ биояд, ин нахустин боздиди ин ситораи футболи ҷаҳонӣ аз Тоҷикистон хоҳад шуд.
Як масъули шӯъбаи равобити хориҷии Федератсияи футболи Тоҷикистон гуфт, “дар миёни 80 нафаре, ки дар ҳайати дастаи “Ан-Наср” бояд ба Тоҷикистон оянд, исми Криштиану Роналду низ ҳаст”. Аммо ба иттилои ин манбаъ, феҳристи дақиқи онҳое, ки ба Душанбе хоҳанд омад, дар охири ҳафтаи ҷорӣ муайян хоҳад шуд. 
Рустам Ҳакимов, сухангӯи “Истиқлол” низ визаи Тоҷикистон гирифтани Криштиану Роналдуро тасдиқ кардааст: "Ҳамаи аъзои бошгоҳи «Ан-Наср» барои сафар ба Тоҷикистон виза гирифтаанд. Дар рӯйхат номи Криштиану Роналду низ зикр шудааст. Умедворем, ки капитани «Ан-Наср» дар ҳайати дастааш дар Варзишгоҳи марказии Душанбе ба майдон меояд ва мухлисони футбол бозии ӯро аз наздик тамошо мекунанд". 
Бо онки омадани Роналду ба Тоҷикистон ва иштирокаш дар бозӣ бо “Истиқлол” ҳанӯз пурра тасдиқ нашудааст, вале бино ба иттилои дафтари матбуоти бошгоҳи «Истиқлол»-и Душанбе, то имрӯз беш аз 10 ҳазор чипта фурӯхта шудааст. Он ҳам дар ҳоле, ки чиптаҳо аз 100 сомонӣ то 3 ҳазор сомонӣ арзиш доранд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.