расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ПАРВАНДАИ “ДИЛШОДИ КРАСАВЧИК” ВА 13 ҲАММАСЛАКИ ӮРО БА ДОДГОҲИ ОЛӢ СУПУРДААНД

Асосӣ / Ҷомеа

ПАРВАНДАИ “ДИЛШОДИ КРАСАВЧИК” ВА 13 ҲАММАСЛАКИ ӮРО БА ДОДГОҲИ ОЛӢ СУПУРДААНД

ПАРВАНДАИ “ДИЛШОДИ КРАСАВЧИК” ВА 13 ҲАММАСЛАКИ ӮРО БА ДОДГОҲИ ОЛӢ СУПУРДААНД
Парвандаи ҷиноятӣ нисбати Дилшод Саидмуродов (“Дилшоди “Красавчик” ё Дилшоди “СБ”) бо 13 гумонбаршавандаи дигар дар рубуда ва куштани Шуҳрат Исматуллоев, муовири роҳбари “Ориёнбонк” барои баррасӣ ба Додгоҳи олии Тоҷикистон ирсол шудааст. Дар ин бора Додситонии кулии Тоҷикистон дар посухи катбӣ ба дархости “Азия-Плюс” хабар дод.
Ин ниҳод  Дилшод Саидмуродовро ҳамчун “роҳбари гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ” ном бурда, гуфтааст, ӯ дастгир карда шудааст.
“Пас аз тафтиши пурра ва холисонаи ҳолати кор парвандаи ҷинояти нисбат ба 14 нафар айбдоршаванда, аз ҷумла Саидмуродов Д.Ҳ. санаи 18.11.2023 бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд”, - омадааст дар посухи Додистонии кул.
Додситонии кул бо такя ба сирри тафтишот аз додани ҳар гуна иттилоъ дар бораи мазмуни нишондод ва дигар маълумот нисбати Дилшод Саидмуродов худдорӣ карда гуфтааст, ки “то эътибори қонуни пайдо кардани санади судӣ ифшои он ғайриимкон мебошад”.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.