расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Эмомалӣ Раҳмон ба Русия сафар кард

Асосӣ / Президент

Эмомалӣ Раҳмон ба Русия сафар кард

Имрӯз, 21 ноябр, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо як сафари расмӣ ба Русия парвоз намуд.
Хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ медиҳад, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар ин сафар муовини сарвазири Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони мудофиа, корҳои дохилӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Қаблан сухангӯи раиси ҷумҳури Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод, зимни ин сафар Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин, Президенти Русия ва Михаил Мишустин, сарвазири Русия мулоқот хоҳад кард.
Бояд гуфт, ки мулоқоти охири Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин моҳи октябри соли ҷорӣ дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон, қабл аз нишасти Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ, баргузор шуда буд.
Сафари расмии Президенти Русия ба Тоҷикистон бошад, моҳи апрели соли 2019 сурат гирифта буд.


Asia-Plus

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.