расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДАР ВАРЗОБ ЧӢ РӮЙ ДОД, КИ РОҲ 4 СОАТ БАСТА ШУД? ШАРҲИ КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА

Асосӣ / Ҷомеа

ДАР ВАРЗОБ ЧӢ РӮЙ ДОД, КИ РОҲ 4 СОАТ БАСТА ШУД? ШАРҲИ КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА

ДАР ВАРЗОБ ЧӢ РӮЙ ДОД, КИ РОҲ 4 СОАТ БАСТА ШУД? ШАРҲИ КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар як шарҳи муфассал бархе тафсилоти садамаи мошини пур аз гази моеъ дар мавзеи Мурутаки ноҳияи Варзобро, ки рӯзи 15 ноябри соли 2023 боиси барои чор соат баста шудани ягона роҳи заминии байни вилояти Суғд ва марказу боқӣ манотиқи ҷумҳурӣ шуд, нашр кард.  Бино ба иттилоияи нашршуда, 15 ноябри соли 2023, соати 14:44 даққиаи вақти маҳаллӣ дар километри 27,5-уми роҳи мошингарди Душанбе-Варзоб,  дар мавзеъи Мурутак, аз систернаи мошини сӯхтбари тамғаи “Волво”, ки 20 тонна гази моеъ интиқол медод, бо сабабҳои техникӣ ихроҷи газ мушоҳида шуд. Ин мошин вақте дучори садама шуд, ки аз Хуҷанд ба тарафи Душанбе дар ҳоли ҳаракат буд. Бо  мақсади эҳтиёт аз эҳтимоли таркиши мошин бар асари ихроҷи газ роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд аз ҳарду ҷониб муваққатан баста шуд.
Барои бартараф кардани хатар ба ҷойи ҳодиса ба таври оҷил дастаи махсуси хадамоти ҷустуҷӯву наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, Хадамоти сӯхторнишонии ВКД  ва Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Варзоб фиристода шуданд.  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда меафзояд: “Дар натиҷаи андешидани чораҳои фаврӣ бо ёрии техникаи махсус гази моеъ аз ин мошин ба мошини дигар интиқол дода шуд. Соати 18:50 хатар бартараф карда шуд ва аз таркиши эҳтимолии мошини сӯхтабар ва харобиҳои эҳтимолӣ дар роҳ пешгирӣ гардид”.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.