расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДАР ВИЛОЯТИ ТУЛА ЯК ТОҶИК АЗ ҒОЯТИ РАШК ЯК ШИНОСИ ҲАМСАРИ РУСАШРО КОРД ЗАДААСТ

Асосӣ / Муҳоҷир

ДАР ВИЛОЯТИ ТУЛА ЯК ТОҶИК АЗ ҒОЯТИ РАШК ЯК ШИНОСИ ҲАМСАРИ РУСАШРО КОРД ЗАДААСТ

ДАР ВИЛОЯТИ ТУЛА ЯК ТОҶИК АЗ ҒОЯТИ РАШК ЯК ШИНОСИ ҲАМСАРИ РУСАШРО КОРД ЗАДААСТ
Додситонии минтақаи Узловскаяи вилояти Тулаи Русия тафтиши парвандаи як шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистонро ба анҷом расонда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба додгоҳи ноҳияи Узловая супоридааст. Хадамоти матбуоти додситонии вилояти Тула рӯзи 16 ноябри соли 2023 хабар дод, ки ин марди тоҷик бар асоси қисми дуюми моддаи 111 Кодекси ҷиноятии Русия ба расондани осеби вазнин ба саломатӣ айбдор мешавад. Гуфта мешавад, ки ӯ аз ғояти рашк як ҷавони шиноси ҳамсари русашро корд задааст. Ба марди тоҷик ҳамчун ҷазо  то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.
Худи муҳоҷири тоҷик, ки дар ҳабс қарор дорад, ҳамчунин наздикон ва адвокати ӯ барои шарҳи мустақими қазия дастрас нестанд, вале додситонии вилояти Тула мегӯяд, ки “айбдоршаванда иттиҳоми ба ӯ эълоншударо эътироф кард ва ба гардан гирифт”.Бино ба хулосаи тафтишот, “шоми 22 августи соли 2023 шаҳрванди хориҷӣ ҳамсари худро ба як шиноси 23-солааш рашк карда, шиноси ҳамсарашро ба буриши кӯчаи Шахтёрҳо ва тангкӯчаи Клубнийи шаҳраки Майский ба мулоқот даъват кардааст. Ҳангоми мулоқот дар заминаи муносибатҳои хусуматомези шахсӣ, ӯ ба шиками он мард як зарбаи корд зада, ҷароҳате расондааст, ки боиси осеби вазнин ба саломатии ҷабрдида шудааст”. Марди тоҷикро худи ҳамон рӯз дастгир карда, ба ҳабс гирифтаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.