расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Чор шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо иттиҳоми оташ задани вагони муҳоҷирон дар вилояти Иркутски Русия боздошт шуда буданд, 2 солу 9 моҳ ҳукми ҳабс гирифта ва ба далели ду сол дар боздошт будан, аз толори додгоҳ раҳо шуданд.

Асосӣ / Ҷомеа

Чор шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо иттиҳоми оташ задани вагони муҳоҷирон дар вилояти Иркутски Русия боздошт шуда буданд, 2 солу 9 моҳ ҳукми ҳабс гирифта ва ба далели ду сол дар боздошт будан, аз толори додгоҳ раҳо шуданд.

Чор шаҳрванди Тоҷикистон, ки бо иттиҳоми оташ задани вагони муҳоҷирон дар вилояти Иркутски Русия боздошт шуда буданд, 2 солу 9 моҳ ҳукми ҳабс гирифта ва ба далели ду сол дар боздошт будан, аз толори додгоҳ раҳо шуданд.
Тавре Радиои Озодӣ бо такя ба яке аз наздикони муҳоҷирон хабар медиҳад, ҳукми Маҳмадтоҳир Ашӯров, Қурбонмад Содиқов, Далер Ҳасанов ва Ҷумъабой Искандаровро дирӯз, 13-уми ноябр, Додгоҳи вилояти Иркутск содир кардааст.
Додгоҳ ин чор шаҳрванди Тоҷикистонро аввал ба “авбошӣ” ва “қасди куштор” муттаҳам мекард, вале баъдан иттиҳоми “қасди куштор” аз парванда гирифта шуд.
Чор шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми “авбошӣ” ба 2 солу 9 моҳ ҳукми зиндонро гирифтаанд. Аммо ба далели ду сол дар боздошт будан, як соли боздоштро ба якуним соли зиндон ҳисоб намуда, онҳоро аз толори додгоҳ озод кардаанд.
Интизор меравад, ки муҳоҷирони раҳошуда имшаб, 14-уми ноябр, ба Тоҷикистон баргарданд.
Яке аз волидони ин муҳоҷирон ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ҳарчанд боздошту ҳукм ноодилона буд, вале аз раҳоии фарзандонашон хушҳоланд.
Бояд гуфт, як гурӯҳ сокинони маҳаллӣ шаби 12-уми ноябри соли 2021 дар деҳаи Заларии Иркутск ба вагоне, ки 7 муҳоҷири тоҷик зиндагӣ мекарданд, ҳуҷум карда, онро оташ заданд.
Дар пайи ин, мақомоти Русия чор ҳамроҳи кушташудагон – муҳоҷирони ҷабрдида Маҳмадтоҳир Ашӯров, Қурбонмад Содиқов, Далер Ҳасанов ва Ҷумъабой Искандаровро бо гумони “авбошӣ” ва “қасди куштор” боздошт карданд.
Ба навиштаи матбуоти Русия, рӯзи сар задани ҳодиса муҳоҷирон бо чанд сокини маҳаллӣ баҳс кардаанд ва сокинон ҳамроҳ бо як милиса шабона ба макони зисти муҳоҷирон ҳамла кардаанд.
Мақомоти Русия баъди эътирози ниҳодҳои Тоҷикистон нисбат ба як корманди Шӯъбаи кофтукоби ҷиноии Иркустк ва се ҷавони маҳаллӣ парванда боз кард, аммо моҳи августи имсол Додгоҳи шаҳри Иркутск онҳоро бегуноҳ эътироф карда, аз толори додгоҳ озод кард.
Гуфтан ба маврид аст, ки ду сол пеш Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз мақомоти рус талаб карда буд, ки ҳодисаро одилона таҳқиқ кунанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.