расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » УСТОИ МОШИН АЗ ВАҲДАТ АЛИШЕР НАЗАРОВ БА ФИНАЛИ ОЗМУНИ "СУПЕРНИНДЗЯ" РОҲ ЁФТ

Асосӣ / Ҷомеа

УСТОИ МОШИН АЗ ВАҲДАТ АЛИШЕР НАЗАРОВ БА ФИНАЛИ ОЗМУНИ "СУПЕРНИНДЗЯ" РОҲ ЁФТ

УСТОИ МОШИН АЗ ВАҲДАТ АЛИШЕР НАЗАРОВ БА ФИНАЛИ ОЗМУНИ "СУПЕРНИНДЗЯ" РОҲ ЁФТ 
Алишер Назарови 26-сола, устои мошин (автомеханик) аз шаҳри Ваҳдат, ки дар Русия таҳсил кардаву ҳоло дар Қазоқистон кор мекунад, ба марҳалаи ниҳоии озмуни “Суперниндзя” дар шабакаи телевизионии русии СТС роҳхат гирифт. Рақобатҳо барои роҳ ёфтан ба финали ин сабқати телевизионӣ дар шаҳри Минералние Води доир шуд ва Алишер Назаров тавонист дар гуруҳи худаш варзишкорони машҳурро паси сар гузошта, ҷои аввалро ба даст биорад ва аввал ба нимфиналу сипас ба финал барояд. Моҳи декабр 35 довталаб, аз ҷумла Алишер Назаров рақобатҳоро дар марҳалаи ниҳоии озмуни “Суперниндзя” идома медиҳанд. Ғолибони марҳалаи ниҳоӣ сипас дар суперфинал барои шоҳҷоизаи озмун, ки 5 миллион рубл, ё беш аз 50 ҳазор доллар аст, вориди рақобат мешаванд.
Алишер Назаров гуфт, ӯ дар Ваҳдат  дар як оилаи серфарзанд ба воя расида, дар даврони кӯдакиаш зиндагии сахту гоҳо ҳатто азоби гуруснагиро ҳам кашидааст ва ҳоло мехоҳад, дар сурати пирӯзӣ  бо пуле, ки аз озмуни “Суперниндзя” ба даст хоҳад овард, барои падару модараш дар Тоҷикистон хонаву дари нав бисозад, то дар пиронсолӣ роҳат кунанд. Боқимондаи пулро ӯ мехоҳад барои кумак ба ниёзмандон сарф кунад.
Бисёриҳо ба Алишер Назаров барои ҳунарнамоии олӣ дар озмуни “Суперниндзя” офарин хонда, барояш дар ин сабқат орзуи муваффақият кардаанд. Мухлисон менависанд, нияти неке, ки Алишер дорад, яъне сохтани хона барои падару модараш аз пули пирӯзӣ дар ин озмун ва ба муҳтоҷон тақсим кардани боқимондаи он, худ ба сари худ амали савобест, ки Худо хоҳад, дари пирӯзиро ба рӯяш хоҳад кушод.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.