расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ТАХМИНА ОЛИМОВА ДАР МАСКАВ БА ДАСТ АФТОД. ӮРО БОЯД БА ДУШАНБЕ БИОРАНД

Асосӣ / Муҳоҷир

ТАХМИНА ОЛИМОВА ДАР МАСКАВ БА ДАСТ АФТОД. ӮРО БОЯД БА ДУШАНБЕ БИОРАНД

ТАХМИНА ОЛИМОВА ДАР МАСКАВ БА ДАСТ АФТОД. ӮРО БОЯД БА ДУШАНБЕ БИОРАНД 
Шаҳрванди Тоҷикистон Тахмина (Таҳмина) Олимова дар шаҳри Маскав бо дархости мақомоти Душанбе дастгир шудааст. Ирина Волк, сухангӯи ВКД Русия рӯзи 1 ноябри соли 2023 хабар дод, ки Тахмина Олимова дар Тоҷикистон ба қаллобӣ ба маблағи бузург айбдор мешавад. Дар видеои нашркардаи ВКД Русия дида мешавад, ки ин ҷавонзанро дар ҳудуди ноҳияи Можайский дар ғарби шаҳри Маскав дастгир кардаанд.
Худи Тахмина Олимова ваё наздикону адвокаташ барои шарҳи қазия дастрас нестанд, вале бино ба иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон – ташаббускорони ҷустуҷӯи Тахмина Олимова, ин ҷавонзан аз моҳи август то декабри соли 2022 бо роҳи фиреб ба боварии чанд сокини Тоҷикистон, ки дар як фурӯшгоҳ тиҷорат доштанд, даромада, бо ваъдаи бо қурби хуб бо асъори ивах кардани пулҳои онҳо, аз ин соҳибкорон маблағи баробари беш аз 3 миллион рубл (муодили беш аз 30 ҳазор доллар)-ро гирифта, аз они худ кардааст. Гуфта мешавад, ки Тахмина Олимова ин ҳама пулҳои ба ӯ боваркардаи соҳибкоронро ба манфиати худ сарф карда, дигар барнагардондааст. На бо доллар ва на пули сомонӣ.
 “Баъди содир кардани ҷиноят Тахмина Олимова дар қаламрави Русия пинҳон шуд ва ӯро таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доранд, Дар натиҷаи ҳамкорӣ бо мақомоти Тоҷикистон ахиран макони будубоши ӯ муайян карда шуд. Дар ҳоли ҳозир маъсъалаи истирдоди боздоштшуда ба кишвари ташаббускори ҷустуҷӯи ӯ дар дасти баррасӣ қарор дорад”, - хабар дод Ирина Волк.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.