расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҲАБСИ 6 ФАРЗАНДИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК БАРОИ ЗАНОЗАНӢ БО НАВРАСОНИ РУС ВА ТАҲҚИРИ ВОЛИИ ВИЛОЯТИ САМАРА

Асосӣ / Муҳоҷир

ҲАБСИ 6 ФАРЗАНДИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК БАРОИ ЗАНОЗАНӢ БО НАВРАСОНИ РУС ВА ТАҲҚИРИ ВОЛИИ ВИЛОЯТИ САМАРА

ҲАБСИ 6 ФАРЗАНДИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК БАРОИ ЗАНОЗАНӢ БО НАВРАСОНИ РУС ВА ТАҲҚИРИ ВОЛИИ ВИЛОЯТИ САМАРА 
Дар шаҳри Самараи Русия дар пайи занозанӣ бо наврасони маҳаллӣ 6 фарзанди муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва як фарзанди муҳоҷир аз Қирғизистонро ба ҳабс гирифтаанд. Занозанӣ шаби 16 октябри соли 2023 дар боғи Ғалаба рух дод. Ду гуруҳи наврасон дар пайи як муноқишаи ночиз дар ин ҷо барои ҳисобу китоб (“разбор”) ҷамъ омаданд, вале баҳсашон ба занозанӣ печид. Ин занозании зоҳиран оддӣ вақте оҳанги ҷиддӣ гирифт, ки волии вилояти Самара Николай Азаров хостори муҷозоти сангини иштирокчиёнаш шуд. Дар посух, фарзандони муҳоҷирон дар Интернет видеое гузошта, волии Самараро бо як лаҳни қабеҳ таҳқир карданд ва гуфтанд, ки аз дасти волӣ коре дар намеояд ва бо онҳо ягон кор карда наметавонад.
Чунин ба назар мерасад, ки муаллифони ин видео бо таҳқири Азаров Салмон ва Зӯрибек Ёронзода будаанд, чунки вакили Думаи давлатии Русия Александр Хинштейн, ки бо баёнияҳои ошкоро ба зидди муҳоҷирон ном баровардааст, рӯзи 21 октябри соли 2023 дар Телеграм-каналаш хабар дод, ки  “муҳоҷирони ҷавони бедарударвозае, ки таҳдид ба анҷоми амалҳои зӯроварони шаҳвонӣ нисбат ба волии вилояти Самара карда буданд, муайян карда шуданд. Инҳо ду акаю додар, зодагони Тоҷикистонанд. Дар Самара бидуни волидон зиндагӣ доштанд (модарашон дар Маскав ва падарашон дар Тоҷикистон будаанд).  Акаи калониро алакай ба ҳабс гирифтаанд ва хурдиро дар боздоштгоҳи муҳоҷирон ҷой кардаанд ва аз Русия ихроҷаш мекунанд”.
Сунатуло Назриев, раҳбари созмони тоҷикони Самара дар маҳзари ом барои рафтори фарзандони муҳоҷирони тоҷик узр пурсидааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.