расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҒАЛАБАИ ДУЮМИ МУҲАММАД НАИМОВ ВА БОХТИ ДУЮМИ МУИН-ТОҶИК ДАР UFC

Асосӣ / Варзиш

ҒАЛАБАИ ДУЮМИ МУҲАММАД НАИМОВ ВА БОХТИ ДУЮМИ МУИН-ТОҶИК ДАР UFC

ҒАЛАБАИ ДУЮМИ МУҲАММАД НАИМОВ ВА БОХТИ ДУЮМИ МУИН-ТОҶИК ДАР UFC 
Шоми 21 октябри соли 2023 дар мусобиқоти ҷангҳои бидуни қоида (ММА) UFC 294 дар шаҳри Абӯ Забии Имороти Муттаҳидаи Араб, размандаи тоҷик Муҳаммад Наимов Натаниэл Вуд аз Инглистонро шикст дода, пирӯзии инак дуюмаш дар UFC, муътабартарин лигаи ҷаҳонии ММА ба даст овард. Мутаассифона, кори размандаи дуюм аз Тоҷикистон Муин Ғафуров ин дафъа ҳам омад накард ва ӯ дар муҳорибаи дуюмаш дар UFC низ шикаст хӯрд. Ва ин бор аз Саид Нурмуҳаммадов, ҳамватан ва ҳамнасаби размандаи шуҳратёри доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов.
Муин Ғафуров ва Саид Нурмуҳаммадов дар вазни сабуки то 61 кило ба майдон баромаданд. Варзишгари доғистонӣ тавонист алакай дар сонияи 73-юми муҳориба рақибашро буғӣ карда, пирӯзии пеш аз муҳлатро ба даст биорад.  Мухлисони тоҷик Муинро таскин медиҳанд, ки набояд руҳафтода шавад, чунки ҳама чиз барои ӯ ҳанӯз дар пеш аст. “Боз муҳорибаҳои нав дар пешанд ва Муин даст ба чунон пирӯзиҳое хоҳад ёфт, ки ин ду бохташ дар ду набарди аввал аз ёдаш хоҳанд рафт”, - менависанд мухлисон.
Муҳаммад Наимов дар набардаш бо Натаниэл Вуд бо қарори якдилонаи доварон ғолиб дониста шуд. Муҳаммад Наимов, ки баъди анҷоми муҳориба бо сару рӯи пур аз осори ҷароҳат ва бо тоқии гулдӯзии тоҷикӣ ба пеши журналистон омад, гуфт, ки садҳо тан аз ҳамватанонаш аз Шарҷаву Дубай ва дигар гӯшаҳои Иморот барои мухлисӣ ба Абӯ Забӣ омада буданд ва ин пуштибонии гарми онҳо ӯро хеле болидарӯҳ сохт.
“Хаёл мекунам, ки хоби ширине дида истодаам ва ҳеҷ намехоҳам, ки бедорам кунанду ин хоб канда шавад. Вақте дар толор парчамҳои Тоҷикистонро медидам, вақте ҷавонҳои тоҷикро бо тоқии тоҷикӣ медидам, ба ваҷд омадам ва ин ба ман хеле таъсир кард”, - гуфт Муҳаммад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.