расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА 7 ВАРЗИШГАРИ ТОҶИК ХОНА ТУҲФА КАРД

Асосӣ / Варзиш

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА 7 ВАРЗИШГАРИ ТОҶИК ХОНА ТУҲФА КАРД

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА 7 ВАРЗИШГАРИ ТОҶИК ХОНА ТУҲФА КАРД (ВИДЕО + 8 АКС)
Рӯзи 19 октябри соли 2023 шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ 7 варзишгареро, ки дар Бозиҳои 19-уми Осиё барои Тоҷикистон медал оварданд, ба ҳузур пазируфт ва тибқи ваъда, ба ҳар яки онҳо вобаста ба медалҳои гирифтаашон хона туҳфа кард. Тақдими манзилҳои нав якбора ба 7 варзишгари тоҷик барои пирӯзӣ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ бори аввал сурат мегирад. Бино ба иттилои расмӣ, Рустами Эмомалӣ ин 7 варзишгарро барои ноил гардидан ба медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ дар 19-умин Бозиҳои Осиёӣ дар шаҳри Ҳангжоуи Чин (Хитой) ва баланд бардоштани парчами Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ҳамчун нишон қадрдонӣ  ба Сомон Маҳмадбеков ва Давлат Болтаев, ки дар мусобиқаҳои гуштини дзюдо (ҷудо) ва бокс дар Ҳангчжоу сазовори медалҳои тилло шуданд, калидҳои хонаи 3-ҳуҷрагиро супурд. Ҳамин тавр, ба Темур Раҳимов барои дарёфти медали нуқра дар мусобиқоти гуштини ҷудо хонаи дуҳуҷрадор ва ба Беҳрӯз Хоҷазода (ҷудо), Хайрандеш Муродзода, Ҳақназар Назаров (гуштини кураш) ва Миҷгона Самадова (бокс) калидҳои хонаҳои якҳуҷрадор тақдим карда шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.