расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҒОРАТИ ҚАРИБ 200 БАНКОМАТУ ТЕРМИНАЛ ВА НАҚШАИ ДУЗДИДАНИ РАИСИ ШИРКАТИ “VCOCA COLA” (ВИДЕО)

Асосӣ / Ҷомеа

ҒОРАТИ ҚАРИБ 200 БАНКОМАТУ ТЕРМИНАЛ ВА НАҚШАИ ДУЗДИДАНИ РАИСИ ШИРКАТИ “VCOCA COLA” (ВИДЕО)

ҒОРАТИ ҚАРИБ 200 БАНКОМАТУ ТЕРМИНАЛ ВА НАҚШАИ ДУЗДИДАНИ РАИСИ ШИРКАТИ “VCOCA COLA” (ВИДЕО)
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар нашри навбатии барномаи “Ахбори ВКД” аз боздошти се нафаре хабар дод, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон ҳудуди 200 банкомати пулгузаронӣ, аз ҷумлу 92 банкомати “Эсхата”, 99 банкомату терминали бонки “Ҳумо” ва як терминали “Спитаменбонк”-ро зада, шикаста, пулҳои дар даруни банкоматҳо гузошташударо ба яғмо бурдаанд. Танҳо аз 92 банкомати “Эсхата” ғоратгарон дар умум 600 ҳазор сомонӣ пули нақдро тасарруф карданд. Ин ҳалқаи ҷиноиро кормандони шуъбаи дуюми милитсияи ноҳияи Синои пойтахт муайян ва дастгир кардаанд.
Бино ба гузориши Сироҷиддин Шакурӣ, сухангӯи раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, роҳбари ин гуруҳи ҷиноӣ Фарҳод Ҳасанови 32- сола, сокини ноҳияи Темурмалик буд, ки қаблан бо ҷурми дуздӣ суд шудааст. Ба ӯ дар ғорати банкоматҳо Шуҳрат Қурбонов, сокини низ 32-солаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва Мунис Зуҳурзода, сокини 23-солаи шаҳри Кӯлоб ҳамдаст будаанд.
Бар илова, Шуҳрат Қурбонов, ба он айбдор мешавад, ки ҳамроҳи Шероз Соҳибзода ва Сорбон Қосимов, сокинони  32-солаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки ҳарду қаблан барои роҳзанӣ зиндонӣ шудаанд, нақшаи рабудани раиси ширкати “Coca cola” дар вилояти Хатлон ва аз сейфи ин корхона рабудани пули зиёдро кашидааст, вале ин нақшааш ошкор шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.