расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » САДАМАҲОИ МАРГОВАР ДАР ҶАЙҲУН ВА ЛАХШ ВА ДУЗДӢ АЗ ХОНАИ ... ДОДАР

Асосӣ / Ҷомеа

САДАМАҲОИ МАРГОВАР ДАР ҶАЙҲУН ВА ЛАХШ ВА ДУЗДӢ АЗ ХОНАИ ... ДОДАР

САДАМАҲОИ МАРГОВАР ДАР ҶАЙҲУН ВА ЛАХШ ВА ДУЗДӢ АЗ ХОНАИ ... ДОДАР
11-уми октябри соли 2023, тахминан соати 20:15-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Табаров Ҷамшед Файзович, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Ҷайҳун, ҳангоми ҳаракат аз самти маркази ноҳия ба самти ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ, дар ҳудуди ҷамоати ҳамин шаҳрак, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Икромов Худоидод Олимбекович, соли таваллудаш 2006, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст.Дар натиҷа, пиёдагард Икромов Х.О. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
12-уми октябри соли 2023, тахминан соати 14:00, дар 274-ум километри шоҳроҳи “Ваҳдат-Лахш-Сари Тош”, воқеъ дар деҳаи Сари пули ноҳияи Лахш, ронандаи автомашинаи тамғаи “Урал”, Қурбонов Ибодулло Файзуллоевич, соли таваллудаш 1964, сокини шаҳри Душанбе, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори рости роҳ автомашинаро чаппа намудааст.
Дар натиҷа, худи ронанда ва мусофири автомашина Сафаров Тоҷиддин Сайдамирович, соли таваллудаш 1972, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, дар беморхона бистарӣ гардидаанд ва мусофири дигари автомашина Неъматов Фирдавс Сайдалиевич, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.