расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҚАТЛИ БЛОГЕР ВА СТЕНДАП-КОМИКИ МАШҲУРИ ТУРКМАН МУҲАММАД МАММЕДОВ

Асосӣ / Ҷомеа

ҚАТЛИ БЛОГЕР ВА СТЕНДАП-КОМИКИ МАШҲУРИ ТУРКМАН МУҲАММАД МАММЕДОВ

ҚАТЛИ БЛОГЕР ВА СТЕНДАП-КОМИКИ МАШҲУРИ ТУРКМАН МУҲАММАД МАММЕДОВ
Блогер и стендап-комики 30-солаи туркман Муҳаммад Маммедов шаби 4 октябри соли 2023 дар наздикии хонааш дар шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон дар натиҷаи ҳамлаи як гуруҳи ношинос кушта шуд. Як манбаъ аз шоу-бизнеси Туркманистон ба шарти ифшо накардани номаш ба нашрияи Turkmen.news хабар дод, ки шаби 4 октябр Маммедов ҳамроҳи як дӯсташ ба хонааш, ки дар касабаи 11-уми Ишқобод ҷойгир шудааст, бармегашт. Дар наздикии хонаашон ба онҳо як гуруҳи ношинос ҳамла овардааст. Ба эҳтимоли ғолиб, ҳадафи ҳамлагарон Маммедов будааст, чунки дӯсти ӯро осеби ҷиддие нарасондаанд. Баъди латтукӯб ҳамлагарон Маммедовро ба хонаашон дароварда, зери кӯрпа кардаанд ва сипас фирор кардаанд. Дари хона боз будааст. Манбаи ин хабар гуфтааст, ки азбаски Муҳаммад бисёр вақтҳо дер меомад, падараш дари хонаро шабҳо боз мегузошт. Субҳи 5 октябр ҷасади алакай сардшударо блогерро падараш ва писари 9-солаи Муҳаммад Алиасғар пайдо кардаанд. Рӯзи 6 октябр Маммедовро дар зодгоҳаш этрапи Сарахси вилояти Ахал ба хок супурданд. Дар Туркманистон ноҳияро этрап мегӯянд, ки решааш вожаи “атроф” аст.
Манбаи Turkmen.news ҳамчунин хабар додааст, ки он дӯсти Маммедовро, ки он шаб ҳамроҳаш буду баъди латтукӯби блогер гум шуд, “ҳоло барои бозҷӯӣ ба пулис кашонда истондаанд”. Номи ин дӯсти Маммедов нашр нашудааст. Маълум нест, ки оё дар робита ба  ин ҳодиса ягон парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд ё на? Мақомоти Туркманистон дар бораи ҷиноятҳое, ки дар ин кишвар рух медиҳанд, ягон маълумоти расмӣ нашр намекунанд ва ин боиси ба вуҷуд омадани овозаҳои гуногун мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.