расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » РӮЗИ СЕЮМИ ҶАНГИ ҲАМОС БО ИСРОИЛ: ДАР ПУШТИ ИН ҶАНГ ЭРОН ИСТОДААСТ?

Асосӣ / Ҷаҳон

РӮЗИ СЕЮМИ ҶАНГИ ҲАМОС БО ИСРОИЛ: ДАР ПУШТИ ИН ҶАНГ ЭРОН ИСТОДААСТ?

РӮЗИ СЕЮМИ ҶАНГИ ҲАМОС БО ИСРОИЛ: ДАР ПУШТИ ИН ҶАНГ ЭРОН ИСТОДААСТ?
Рӯзномаи The Wall Street Journal рӯзи 8 октябри соли 2023 бо такя ба манобеи худ гузориш дод, ки "ҳамалоте, ки ҲАМОС аз субҳи шанбе алайҳи Исроил оғоз кард ва то ба ҳол идома дорад, бо иҷоза ва кумаки Эрон сурат гирифта ва чандин ҳафта пеш аз ҷониби мақомоти амниятии Ҷумҳурии исломӣ барномарезӣ шудааст".
Дар ин гузориш ба нақл аз аъзои баландпояи ҲАМОС ва "Ҳизбуллоҳ" омадааст, ки "нерӯҳои Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон аз моҳи август бо ҲАМОС барои барномарезии ин ҳамлаи густурдаи ҳавоӣ, заминӣ ва обӣ ҳамкорӣ намуда, дар дидори ҳафтаи гузашта дар Байрут, ба мақомоти ҲАМОС барои анҷоми он "чароғи сабз" нишон доданд”. Нақшаи Эрон он будааст, ки "ҷанги фаъол бо Исроил дар ҳама ҷабҳаҳо бояд оғоз шавад. "Ҳизбуллоҳ" ва "Ҷабҳаи мардумӣ барои озодии Фаластин аз тарафи шимол, "Ҷиҳоди исломӣ" ва ҲАМОС аз Ғазза ва каронаи бохтарӣ бояд бо Исроил вориди ҷанг мешудаанд".
Дар ҳамин ҳол, намояндаи доимии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони миллали муттаҳид даст доштани Эрон дар ҳамлаи ҲАМОС ба Исроилро рад намуд. Ӯ ин иқдоми фаластиниҳоро "дифои комилан машрӯъ дар баробари ҳафтод сол ишғоли золимона ва ҷиноёти фаҷиъи саҳюнистон" номид.Ҳамзамон сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Эрон низ бори дигар нақши Эрон дар даст доштан ба амалиёти фаластиниҳоро инкор намуда, таъкид кард, ки "ҳар иқдоми аҳмақонае нисбат ба Эрон бо посухи вайронгаре мувоҷеҳ хоҳад буд".
Вазири корҳои хориҷии Амрико Энтони Блинкен дар мусоҳиба бо CNN таъкид намуд, ки "Амрико ҳанӯз далеле дар даст надорад, ки ҳидоят ё дахолати Эрон дар ин ҳамларо тасдиқ ва ё рад кунад". Аммо ӯ дар идомаи суҳбаташ афзуд, ки "бидуни шак, байни Эрон ва ҲАМОС робитаи амиқе вуҷуд дорад".

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.