расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » РӮЗИ ДУЮМИ ҶАНГ ДАР ИСРОИЛ: ҲИЗБУЛЛОҲ БА ҲИМОЯТ АЗ ҲАМОС ХОКИ ИСРОИЛРО МУШАКБОРОН КАРД

Асосӣ / Ҷаҳон

РӮЗИ ДУЮМИ ҶАНГ ДАР ИСРОИЛ: ҲИЗБУЛЛОҲ БА ҲИМОЯТ АЗ ҲАМОС ХОКИ ИСРОИЛРО МУШАКБОРОН КАРД

РӮЗИ ДУЮМИ ҶАНГ ДАР ИСРОИЛ: ҲИЗБУЛЛОҲ БА ҲИМОЯТ АЗ ҲАМОС ХОКИ ИСРОИЛРО МУШАКБОРОН КАРД
Гурӯҳи тундрави "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон эълон намуд, ки дар ҳимоят аз ҳамалоти рӯзи 7-уми октябри гурӯҳи  фаластинии "ҲАМОС" минтақаи Ҷабали Дуф дар шимоли Исроилро зери ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор додааст.  Ин гуфтаҳои "Ҳизбуллоҳ"-ро рӯзномаи The Times of Israel тасдиқ намуда, хабар медиҳад, ки "дар ҳамалоти "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон, ки субҳи рӯзи якшанбе ба вуқуъ пайваст (8-уми октябри 2023) се маркази низомии Исроил бо мушакҳо ва тӯпхонаҳо зери ҳадаф қарор дода шуданд". "Ҳизбуллоҳ" дар баёнияи худ афзуд, ки "дар ҳамбастагӣ бо "Муқовимати Фаластин" даст ба ин иқдом задааст".
Дар ҳамин ҳол, артиши Исроил мегӯяд, дар посух ба ҳамалоти "Ҳизбуллоҳ" мавозеи онҳоро дар минтақаи Рувайсат ал-Алам, дар хоки Лубнон бо дорон ва тӯпхонаҳо зери ҳадаф гирифтааст. "Дар посух ба ҳамлаҳои мушакӣ аз ҷануби Лубнон ба хоки Исроил, мо ҷойҳоеро бомбаборон кардем, ки аз он маконҳо ба тарафи мо  шиллик шуда буд", - омадааст дар баёнияи артиши Исроил. Дар ҷавоб ба ин ҳамлаи Исроил "Ҳизбуллоҳ" минтақаи Шабъо, ки хоки Лубнон асту Исроил онро чандин сол пеш ғасб кардааст, мушакборон кардаанд.  Ҳанӯз аз талафоти эҳтимолии ин ҳамалот чизе расонаӣ нашудааст .
Дар ҳамин ҳол рӯзномаи Haaretz хабар медиҳад, ки артиши Исроил то кунун қаламрави Исроилро аз аъзои гурӯҳи ҲАМОС пурра озод накардааст. Бино ба навиштаи ин рӯзнома, ба артиши Исроил муяссар шудааст, ки дар шаби гузашта аксарияти минтақаҳои ҳаммарз бо навори Ғаззаро аз аъзоёни гурӯҳи ҲАМОС бозпас бигиранд, вале ҷангҳои хиёбонӣ дар Беэр, Кфар-Аза ва Сдерот идома дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.