расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ИЗҲОРИ ОМОДАГИИ РУСИЯ БАРОИ БУНЁДИ НИРӮГОҲИ АТОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Асосӣ / Сиёсат

ИЗҲОРИ ОМОДАГИИ РУСИЯ БАРОИ БУНЁДИ НИРӮГОҲИ АТОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

ИЗҲОРИ ОМОДАГИИ РУСИЯ БАРОИ БУНЁДИ НИРӮГОҲИ АТОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
Николай Спасский, мудири бахши фаъолиятҳои байналмилалии корпоратсияи давлатии русии “Росатом” изҳор дошт, ки ин ширкат барои баррасии масъалаи сохтани нирӯгоҳи хурд ё бузурги ҳастаӣ (атомӣ) дар Тоҷикистон омода аст. Николай Спасский рӯзи 3 октябри соли 2023 дар ҳошияи маросими бахшида ба поккории қаламрави майдонҳои партовҳои ҳастаии “Табошар” дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд ба хабарнигорон гуфт: "Aгар Тоҷикистон барои бунёди энергетикаи атомӣ ва сохтани нирӯгоҳи атомии хурд ё бузург дар ин кишвар бар асоси тарҳи нирӯгоҳҳои русӣ таваҷҷуҳ нишон бидиҳад, <...> мо аз ин хеле хушҳол хоҳем шуд. Мо салоҳияти инро дорем, фанновариҳояшро дорем”.
Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир аксарияти кулли нирӯи барқиашро дар нирӯгоҳҳои обӣ ва як қисми хурдашро дар марказҳои гармидиҳӣ тавлид мекунад. Энергетикаи атомӣ дар кишвар рушд накардаст ва тақрибан вуҷуд ҳам надорад. Танҳо дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон як реактори хурди атомӣ вуҷуд дорад, ки озмоишист ва асосан барои корҳои илмӣ ва таълимӣ истифода бурда мешавад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.