расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БАЪДИ 17 СОЛ! МУШТЗАНИ ТОҶИК ДАВЛАТ БОЛТАЕВ МЕДАЛИ ТИЛЛОИ БОЗИҲОИ ОСИЁРО БА ДАСТ ОВАРД! (ВИДЕО)

Асосӣ / Ҷомеа / Варзиш

БАЪДИ 17 СОЛ! МУШТЗАНИ ТОҶИК ДАВЛАТ БОЛТАЕВ МЕДАЛИ ТИЛЛОИ БОЗИҲОИ ОСИЁРО БА ДАСТ ОВАРД! (ВИДЕО)

БАЪДИ 17 СОЛ! МУШТЗАНИ ТОҶИК ДАВЛАТ БОЛТАЕВ МЕДАЛИ ТИЛЛОИ БОЗИҲОИ ОСИЁРО БА ДАСТ ОВАРД! 
Муштзани тоҷик Давлат Болтаев дар мусобиқаҳои Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоуи Хитой (Чин) дар вазни то 92 кило дар даври ниҳоӣ рақиби хитоияш Ҳан Ҳуеэженро ҳам шикаст дода, сазовори медали тилло шуд. Ин дуюмин медали тиллои тими Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу ва аввалин медали тиллои муштзанони тоҷик дар Бозиҳои Осиё дар 17 соли охир аст. Давлат Болтаев тавонист комёбии муштзани овозадори тоҷик Ҷаҳон Қурбоновро такрор кунад. Давлат Болтаев 24 сол дошта, 13 январи соли 1999 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст.
Алакай баъди пирӯзӣ дар даври ниманиҳоӣ Давлат Болтаев соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Порис-2024 низ шуд. Аммо аввалин роҳхати олимпиро аз байни варзишгарони тоҷик муштзани дигари тоҷик Миҷгона Самадова ба даст овард. Миҷгона дар Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу мусобиқаи занон дар вазни то 57 кило ба нимфинал баромадааст ва рӯзи 4-уми октябр бо Карина Иброҳимова аз Қазоқистон рақобат мекунад.
То имрӯз тими Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу 6 медал: 2 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ ба даст овардааст. Дар байни 36 кишваре, ки дар Ҳангжоу соҳиби медал шудаанд, Тоҷикистон феълан бо 6 медалаш даор зиндаи 19 қарор дорад. Пешсаф дастаи мизбон Хитой аст, ки то имрӯз 297 медал, аз ҷумла 161 медали тилло ба даст овардааст. Аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ пешсаф тими Ӯзбекистон аст, ки варзишгаронаш дар Бозиҳои Осиё имсол алакайй 69 медал, аз ҷумла 14 тилло, 15 нуқра ва 21 биринҷӣ ба даст овардаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.