расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ҲАМЛАИ ГУРГ БА ЯК СОКИНИ ИШКОШИМ. ҲАМСОЯҲО ГУРГРО КУШТА, ӮРО НАҶОТ ДОДААНД

Асосӣ / Ҷомеа

ҲАМЛАИ ГУРГ БА ЯК СОКИНИ ИШКОШИМ. ҲАМСОЯҲО ГУРГРО КУШТА, ӮРО НАҶОТ ДОДААНД

ҲАМЛАИ ГУРГ БА ЯК СОКИНИ ИШКОШИМ. ҲАМСОЯҲО ГУРГРО КУШТА, ӮРО НАҶОТ ДОДААНД
Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар шарқи ин кишвар ҳамлаи гург ба инсон рух додааст.  Бино ба иттилои ин ниҳод, субҳи барвақти 1 октябри соли 2023, тақрибан соати 05:30, сокини 48-солаи деҳаи Яхшивули ҷамоати деҳоти ба номи Рустамбек Юсуфбекови ноҳияи Ишкошими вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон мавриди ҳамлаи гург қарор гирифтааст. Доду фарёди ӯро шунида, ҳамсояҳо ба кумаки ин мард расидаанд ва гургро кушта, ҷабрдидаро наҷот додаанд. Сокини Яхшавулро дар бемористони ноҳиявӣ бистарӣ кардаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, дар ҳоли ҳозир табибон вазъи саломатии ӯро муътадил арзёбӣ мекунанд.
Дар соли ҷорӣ ин нахустин мавриди сабтшудаи ҳамлаи гургон ба инсонҳо дар Тоҷикистон аст.
Ҳамлаи гургон - ин дарандаҳои ваҳшӣ ба чорвои хонагӣ ва инсон аз қадим аз ҷумлаи ҳодисаҳоест, ки аҳён-аҳён рух медиҳад. Бахусус агар гургон дар минтақае сайд пайдо накунанд, аз кӯҳҳо ба водиҳои аҳолинишин фаромада, ба одамон ва чорвои хонагӣ дармеуфтанд. Ҳамлаҳои гургон ба чорво ва инсонҳо бахусус дар фасли сармо зиёд мешавад, чунки дарёфти ғизо дар ин фасли сол барои гургон мушкил мешавад.
Дар солҳои охир дар Тоҷикистон ин гуна ҳодисаҳо чандин бор рух додаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.