расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » БОЗДОШТИ ЯКБОРА 5 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН ДАР ӮЗБЕКИСТОН БАРОИ ҚОЧОҚИ МАВОДИ МУХАДДИР

Асосӣ / Муҳоҷир

БОЗДОШТИ ЯКБОРА 5 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН ДАР ӮЗБЕКИСТОН БАРОИ ҚОЧОҚИ МАВОДИ МУХАДДИР

БОЗДОШТИ ЯКБОРА 5 ШАҲРВАНДИ ТОҶИКИСТОН ДАР ӮЗБЕКИСТОН БАРОИ ҚОЧОҚИ МАВОДИ МУХАДДИР 
Хадамоти давлатии амнияти Ӯзбекистон рӯзи 14 сентябри соли 2023 аз боздошти 7 нафар, аз ҷумла 5 шаҳрванди Тоҷикистон, бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир хабар дод. Шаҳрвандони дастгиршудаи Тоҷикистон, ки 38, 44, 47, 53 ва аз ҳамаи калонии онҳо 65 сол доранд, ҳамроҳи ду сокини ноҳияи Бахмал дар 2 амалиёти алоҳида дар ҳудуди ноҳияҳои Бахмалу Зомини вилояти Ҷизах ба даст афтода, як қочобари дигарро дар ҳудуди ноҳияи Мубораки вилояти Қашқадарё дастгир кардаанд.
Аз ҷумла кормандони амният ва боҷхонаи вилояти Ҷизах як шаҳрванди Тоҷикистон, соли таваллудаш 1970, сокини вилояти Суғдро ҳамроҳи ду сокини ноҳияи Бахмал, солҳои таваллудашон 1983 ва 1984, ҳангоми фурӯтани 9 килову 530 грам афюн, ки бо роҳи қочоқӣ аз Тоҷикистон оварда шуда буд, дастгир кардаанд.
Дар як амалиёти дигари кормандони амният ва милитсия дар ноҳияи Зомини вилояти Ҷизах  якбора се шаҳрванди Тоҷикистон, солҳои таваллудашон 1958, 1976 ва 1985  бо 2 килою 986 грамм ҳаҳиҳ ба даст афтоданд. Шаҳрванди дигари Тоҷикистон, соли таваллудаш 1979, ки онҳоро дар як ошхона дар шаҳраки Даштобод мунтазир буд, низ дастгир шудааст. Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон гуфт, ин маводи мухаддир низ аз Тоҷикистон оварда шуда буд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.